Фиқҳ ва усули фиқҳ
Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар рӯзи (иди) Қурбон ё Фитр ба намозгоҳ баромад. Аз назди занон гузашт ва гуфт:
Available in 51 languages
«Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар рӯзи (иди) Қурбон ё Фитр ба намозгоҳ баромад. Аз назди занон гузашт ва гуфт: "Эй гурӯҳи занон! Садақа бидиҳед, зеро ман шуморо бештари аҳли дӯзах дидам."
Онҳо гуфтанд: Эй Расули Худо, ба чӣ сабаб?
Фармуд: "Шумо бисёр лаънат мекунед ва (некиҳои) ҳамсарро носипосӣ менамоед. Ман ҳаргиз касеро надидаам, ки бо вуҷуди ноқисӣ дар ақл ва дин, дар рабудани ақли як марди ҳушёру дурандеш тавонотар аз шумо (занон) бошад". Онҳо гуфтанд: Эй Расули Худо, нуқсони дин ва ақли мо дар чист? Фармуд: "Оё шаҳодати зан баробари нисфи шаҳодати мард нест?"
Гуфтанд: Бале. Фармуд: "Ин аз камии ақли ӯст. Оё вақте ки ҳайз мешавад, на намоз мегузорад ва на рӯза мегирад?" Гуфтанд: Бале. Фармуд: "Ин аз камии дини ӯст."»Meaning translation ·
Saved at original quality








