Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фиқҳ ва усули фиқҳ

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт:

Available in 71 languages
«Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: “Касе барои ризои Худо ҳаҷ кунад ва муртакиби фаҳшу ҷимоъ ва корҳои ношоиста нашавад, тавре аз ҳаҷ бармегардад, ба монанди рӯзе, ки аз модараш таваллуд шудааст.” (яъне пок аз гуноҳон)»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармудааст, ки ҳар касе барои ризои Худо ҳаҷ кунад ва дар ҳаҷҷи худ муртакиби "рафас" нашавад, яъне: ҳамхобагӣ бо ҳамсар ё амалҳое, ки пеш аз он анҷом мешавад, монанди бӯсидан ва ламс кардан. Ҳамчунин ба маънои суханони ношоиста ва фаҳшо омадааст, ва корҳои бад ва гуноҳ анҷом надиҳад. Яке дигар аз амалҳои ношоиста маҳзуроти эҳром (амалҳое, ки дар вақти адои ҳаҷ, ҳоҷӣ бояд аз онҳо худдорӣ кунад) аст, ки агар амалҳои мазкурро анҷом надиҳад, аз ҳаҷ дар ҳоле бармегардад, ки мавриди омӯрзиш қарор гирифта аст, ҳамоно монанди навзоде, ки аз модар бегуноҳ таваллуд шудааст.

Source
متفق عليه
Download image

Saved at original quality