Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фазоил ва одоб

Аз Абдурраҳмон ибни Абулайло ривоят аст, ки онон назди Ҳузайфа буданд, пас ӯ об хост ва як маҷусӣ барояш об дод, аммо ҳамин ки қадаҳи обро дар дасташ гузошт, ӯ онро партофт ва гуфт: Агар ӯро зиёда аз як ё ду бор (аз истифодаи зарфи нуқра) наҳй накарда будам, ин корро намекардам, аммо ман шунидам, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

Available in 60 languages
«Аз Абдурраҳмон ибни Абулайло ривоят аст, ки онон назди Ҳузайфа буданд, пас ӯ об хост ва як маҷусӣ барояш об дод, аммо ҳамин ки қадаҳи обро дар дасташ гузошт, ӯ онро партофт ва гуфт: Агар ӯро зиёда аз як ё ду бор (аз истифодаи зарфи нуқра) наҳй накарда будам, ин корро намекардам, аммо ман шунидам, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Абрешим ва дибоҷро напӯшед ва дар зарфҳои тилло ва нуқра нанӯшед ва дар зарфҳои он ғизо нахӯред. Зеро инҳо дар дунё барои онҳо (яъне кофирон) аст ва дар охират барои мо."»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мардонро аз пӯшидани ҳар навъ абрешим манъ кардааст. Ва мардону занонро аз хӯрдан ва нӯшидан дар зарфҳои тилло ва нуқра манъ кардааст. Ва хабар доданд, ки инҳо рӯзи қиёмат танҳо барои муъминон аст, зеро дар дунё аз рӯйи итоати Аллоҳ аз истифодаи онҳо худдорӣ карда буданд. Ва аммо кофирон дар охират баҳрае аз он надоранд, зеро онон бо баҳра бурдан аз ин манҳиёт ва бо маъсияти Парвардигор аз он истифода бурданд ва хушиҳои худро зудтар дар дунё ба поён расониданд.

Source
متفق عليه
Download image

Saved at original quality