Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Ақида

Аз Зайнаб бинти Ҷаҳш (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳолати тарс вориди ӯ шуд ва гуфт:

Available in 55 languages
«Аз Зайнаб бинти Ҷаҳш (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳолати тарс вориди ӯ шуд ва гуфт: "Ло илоҳа иллаллоҳ! Вой бар арабҳо аз шарре, ки наздик шудааст! Имрӯз аз садди Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ чунин кушода шуд" ва бо ангушти ибҳом ва ишора ҳалқа (доира) сохт. Зайнаб бинти Ҷаҳш гуфт: Гуфтам: "Эй Расули Худо! Оё мо ҳалок мешавем, дар ҳоле ки дар миёни мо солеҳон ҳастанд?" Фармуданд: "Бале, агар нопокиҳо (разолат, гуноҳҳо) зиёд шавад."»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ҳолати тарсу ҳарос назди Зайнаб бинти Ҷаҳш (разияллоҳу анҳо) даромад ва мегуфт: "Ло илоҳа иллаллоҳ", яъне "Ҳеҷ маъбуде ба ҳақ ҷуз Аллоҳ нест", ки ин ишораи наздик шудани як офати бад аст, ки рух хоҳад дод ва наҷот танҳо бо паноҳ бурдан ба Аллоҳ мумкин аст. Сипас фармуд: Вой бар арабҳо аз шарре, ки вуқуъаш наздик шудааст. Имрӯз аз садди Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ, он монеае, ки Зулқарнайн сохта буд, ба андозаи ин кушода шуд. Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ангушти ибҳом ва ангушти миёна ҳалқа кард (яъне, андозаи хурди кушодашавии саддро нишон дод). Зайнаб (разияллоҳу анҳо) гуфт: Оё Худо моро ба ҳалокат дучор мекунад, дар ҳоле ки дар миёни мо муъминон ва некон ҳастанд? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ гуфт: Ҳангоме ки фасод, фисқу фуҷур, маъсиятҳо, зино, майнӯшӣ ва монанди инҳо зиёд шаванд, ҳалокат ҳамаро фаро мегирад.

Source
متفق عليه
Download image

Saved at original quality