Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фазоил ва одоб

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:

Available in 60 languages
«Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "То имон наёваред ба биҳишт ворид намешавед ва имон намеоваред, то ин ки ҳамдигарро дӯст бидоред. Оё шуморо ба чизе роҳнамоӣ накунам, ки агар анҷомаш диҳед байни шумо муҳаббат пайдо шавад? Саломро байни худ паҳн кунед."»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намудааст, ки танҳо муъминон вориди биҳишт мешаванд ва имон комил намешавад ва вазъи ҷомеаи мусалмонӣ беҳбуд намеёбад, то он ки мусалмонон якдигарро дӯст бидоранд. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро ба беҳтарин корҳое, ки сабаби паҳн шудани муҳаббат мешавад, роҳнамои карданд, ки он паҳн кардани салом миёни мусалмонон аст. Чизе, ки Аллоҳ Таъоло онро миёни бандагонаш салому дуруд қарор додааст.

Source
رواه مسلم
Download image

Saved at original quality