Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Ақида

Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

Available in 55 languages
«Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ба ман панҷ чиз дода шудааст, ки пеш аз ман ба ҳеҷ паёмбаре дода нашудааст: Аз масофаи якмоҳа душманонам дучори тарсу ваҳм мешаванд. Замин барои ман масҷид ва пок қарор дода шудааст, бинобар ин ҳар куҷо ки вақти намоз фаро расад, уммати ман ҳамонҷо (дар замин) намозашро мегузоранд. Ғаниматҳо барои ман ҳалол гардонида шуданд, дар ҳоле ки барои ҳеҷ касе пеш аз ман ҳалол набуданд. Ҳамчунин ба ман ҳаққи шафоат дода шудааст. Ва паёмбарони пеш аз ман танҳо ба қавми хеш фиристода мешуданд, вале ман ба ҳамаи мардум фиристода шудаам."»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки Худованд ба Ӯ панҷ вижагӣ ато намудааст, ки ба ҳеҷ паёмбаре пеш аз ӯ дода нашудааст: Якум: Нусрат бо тарс; Худованд аз масофаи якмоҳа роҳ тарсро дар дилҳои душманонаш меандозад. Дувум: Замин барои мо масҷид ва поккунанда қарор дода шудааст. Мусалмон метавонад дар ҳар куҷо бошад намоз гузорад ва дар ҳолати набудани об, ё зарар доштани он бо хок таяммум кунад. Сеюм: Ғаниматҳои ҷангӣ барои мо ҳалол карда шуданд, он чизе, ки мусалмонон дар ҷанг бо кофирон ғанимат мегиранд. Чаҳорум: Шафоати аъзам (шафоати бузург) ба ӯ дода шуд, ки дар рӯзи қиёмат сабаби осонӣ ва раҳоии мардум аз сахтиҳои он рӯз мегардад. Панҷум: Ман ба тамоми халқ фиристода шудаам, ба ҳамаи инсонҳо ва ҷинҳо, дар ҳоле ки паёмбарони қаблӣ танҳо ба қавмҳои хеш фиристода мешуданд.

Source
متفق عليه
Download image

Saved at original quality