Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Ҳадис ва илмҳои он

Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

Available in 71 languages
«Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Аз ман ба дигарон, агарчи як оят ҳам бошад, бирасонед. Эроде барои шумо нест агар дар мавриди Бани Исроил нақл ва сухан мегӯед, ва ҳар касе қасдан бар ман дурӯғ бандад, ҷойгоҳи худро дар дӯзах омода созад".»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дастур медиҳад, ки ҳарчи аз номи ӯ расонида мешавад бояд аз Қуръон ва Суннат бошад, агарчи андаке бошад, ба монанди ояте аз Қуръон ё ҳадисе аз фармудаҳои ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ба ин шарт, ки ҳар касе онро ба мардум мерасонад худ онро фаро гирифта ба дарки маънои он бирасад. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки нақли қавл аз Бани Исроил ва воқеаҳое, ки болои онҳо омадааст, ба гунае, ки мухолиф бо шариати мо нест, ишколе надорад. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳушдор доданд, ки аз номи ӯ дурӯғ нагӯянд ва ҳар касе дониста бар ӯ дуруғе нисбат диҳад, ҷойгоҳашро дар дӯзах омода сохтааст.

Source
رواه البخاري
Download image

Saved at original quality