Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фазоил ва одоб

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

Available in 70 languages
«Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Марде ба мардум қарз медод ва ба ҷавони зердасти худ мегуфт: агар (барои гирифтани қарз) назди тангдасте рафтӣ ӯро бубахш, шояд ба сабаби он Худованд моро бубахшад. Ӯ дар ҳоле бо Худованд мулоқот мекунад, ки ӯро бахшидааст".»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди марде мегӯяд, ки ба мардум қарз медод ё бо қарз ба онҳо мол медод, ва ба ғуломи худ, ки қарзи ӯро аз мардум мегирифт, мегуфт: Агар назди касе рафтӣ, ки тавони пардохти қарзи худро надорад "аз ӯ бигзар" ё ба ӯ муҳлат бидеҳ ва дар гирифтани қарз пойфишорӣ накун, ё тавони пардохти ҳар миқдоре аз молро дорад бипазир, ки шояд ба сабаби он Худованд аз мо бигзарад ва мавриди бахшиш қарор бидиҳад. Чун он мард вафот кард, Худованд ӯро авф ва аз гуноҳонаш даргузашт.

Source
متفق عليه
Download image

Saved at original quality