Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фиқҳ ва усули фиқҳ

Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

Available in 71 languages
«Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Онки пайванди хешовандиро нигоҳ медорад, на он аст, ки муомилаи ба мисл кардааст, балки ӯ касе аст, ки чун аз ӯ риштаи хешовандӣ катъ шавад онро васл менамояд"»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки касе ба таври комил робитаи хешовандиро ба ҷой меорад ва ба наздикони худ ба некӣ рафтор мекунад, ӯ аз ҷумлаи касоне нест, ки некиро дар муқобили некӣ анҷом медиҳанд, балки касе, ки риштаи хешовандиро ба таври комил ба ҷой меорад дар ҳақиқат касе аст, ки чун дигарон робитаашон бо ӯро қатъ кунанд ӯ онро пайваста нигоҳ медорад, агар яке аз хешовандон ба ӯ бадӣ кунад ӯ дар муқобил ба некӣ посух медиҳад.

Source
رواه البخاري
Download image

Saved at original quality