Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фиқҳ ва усули фиқҳ

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:

Available in 60 languages
«Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "(Аҷру подоши) намози як марди мусалмон бо ҷамоат, бисту чанд дараҷа бештар аз намозест, ки дар хона ва дар бозор мехонад, мешавад. Зеро вақте ки яке аз онҳо таҳорат кунад ва таҳораташро хуб анҷом диҳад ва сипас ба масҷид биёяд ва чизе ҷуз намоз ӯро наоварда бошад ва танҳо барои намоз омада бошад, пас қадаме намебардорад, магар ин ки дараҷае бар дараҷаҳояш афзуда мешавад ва як гуноҳ аз ӯ пок мешавад, то ин ки вориди масҷид шавад. Ва чун вориди масҷид шуд, то вақте ки намоз ӯро нигоҳ дошта бошад, дар ҳоли намоз хоҳад буд. Ва фариштагон то вақте, ки яке аз шумо дар ҷои намоз хондааш нишаста аст, бар ӯ дуруд мефиристанд. Ва мегӯянд: Илоҳо ӯро раҳм кун, Илоҳо ӯро биёмурз, Илоҳо тавбаи ӯро бипазир. То замоне ки озор нарасонад ё таҳораташ ботил нашавад."»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд, ки намози мусалмон бо ҷамоат аз намозаш дар хона ва бозор бисту чанд дараҷа беҳтар аст. Сипас сабаби онро зикр кард, ки: Агар шахс таҳорат кунад ва таҳораташро хуб анҷом диҳад, сипас ба масҷид равад, дар ҳоле ки чизе ҷуз иродаи намоз ӯро берун наоварда бошад, гоме барнамедорад, магар ин ки бо он дараҷае бар дараҷаҳо ва мартабааш афзуда мешавад ва гуноҳе аз гуноҳонаш пок мешавад. Пас чун вориди масҷид шуд ва ба интизори намоз нишаст, то вақте ки дар интизори намоз аст, аҷру савоби намоз ба ӯ мерасад. Ва фариштагон то вақте ки дар ҷои намозгузориаш нишаста бошад, барояш дуо мекунанд ва мегӯянд: "Илоҳо ӯро биёмурз, Илоҳо ӯро раҳм кун, Илоҳо тавбаи ӯро бипазир. То замоне ки таҳораташ нашикаста бошад, ё коре накарда бошад, сабаби озори мардум ё фариштагон шавад.

Source
متفق عليه
Download image

Saved at original quality