Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фазоил ва одоб

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

Available in 62 languages
«Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аз гумон барҳазар бошед, зеро гумон дурӯғтарин сухан аст ва дар пайи пӯшидаҳои мардум набошед, таҷассус накунед ва бо якдигар ҳасодат наварзед ва ба ҳам пушт нагардонед ва бо ҳам кина наварзед ва бандагони Аллоҳ (ва) бародарони ҳам бошед."»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз баъзе чизҳое, ки боиси тафриқа ва адоват миёни мусалмонон мешавад, манъ ва ҳушдор медиҳад. Ва аз ҷумлаи онҳо ин: (Гумони бад кардан аст) ва он туҳматест, ки бе далел дар дил пайдо мешавад. Ва баён намуданд, ки он аз дурӯғтарин сухан аст. Маънои (таҳассус) ҷустуҷӯи пӯшидаҳои мардум бо чашму гӯш мебошад. Аммо маънои (таҷассус) ҷосусӣ ва ҷустуҷӯ кардани чизҳои ниҳон аст ва ин калима бештар дар бораи ҷустуҷӯйе, ки ба ҳадафи бад бошад, кор бурда мешавад. Ва маънои (ҳасад) бошад, написандидани расидани неъмат барои дигарон аст. Вожаи (тадобур) (пушт гардонидан ба якдигар), яъне рӯй гардонидан аз ҳамдигар ва ба ҳам салом накардану ба дидори бародари мусалмон нарафтан аст. Ва аммо (табоғуз) (кина варзидан) ба маънои кина ва нафрат аз ҳамдигар аст, монанди озор расонидан, рӯй турш кардан ва бадрафтори кардан бо дигарон мебошад. Сипас як калимаи мухтасар ва мукаммале гуфт, ки ба воситаи он робитаи мусалмонон ба якдигар ислоҳ мешавад: "Бандагони Аллоҳ ва бо якдигар бародар бошед." Бародарӣ пайвандест, ки муносибатҳои байни одамонро пайваста мемонад ва муҳаббат ва дӯстӣро байни онҳо афзун мекунад.

Source
متفق عليه
Download image

Saved at original quality