Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фазоил ва одоб

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

Available in 71 languages
«Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: «Ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд сухани нек гӯяд ё хомӯш бимонад; ва ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд ҳамсояаашро гиромӣ дорад, ва ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дорад, пас бояд меҳмонашро икром намояд».»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки ҳар касе ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон дорад, ки бозгашташ ба он ҷост ва бар асоси амалҳояш подош дода мешавад, имонаш ӯро ба анҷоми аъмоли зер водор месозад: Аввал: Сухани нек, аз ҷумла тасбеҳу таҳлил ва амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар ва ислоҳкорӣ байни мардум. Пас агар ҳар кӣ ин амалҳоро анҷом намедиҳад сукутро интихоб кунад ва аз озори мардум бипарҳезад ва забонашро нигоҳ дорад. Дуввум: Эҳтироми ҳамсоя, бо некӣ кардан ва зарар нарасонидан ба ӯ. Севум: Иззат ва эҳтироми меҳмоне, ки ба дидори ту меояд, яъне пазироӣ аз ӯ бо сухани нек ва гузоштани дастархон ва ончи муяссар барои туст.

Source
متفق عليه
Download image

Saved at original quality