Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фиқҳ ва усули фиқҳ

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбари Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

Available in 53 languages
«Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбари Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар гоҳ ки инсон бимирад, ҳамаи аъмолаш қатъ мешавад (савобаш қатъ мегардад), магар аз се чиз: Садақаи ҷория, илме, ки аз он манфиат бардошта мешавад, Фарзанди солеҳе, ки барои ӯ дуо мекунад."»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки амали инсон бо марги ӯ қатъ мегардад, дигар савобе ба ӯ намерасад, магар дар се ҳолат, ки дар онҳо худи ӯ сабабгор будааст: Аввал: садақае, ки савобаш ҷорӣ ва давомнок аст ва қатъ намешавад, мисли вақф, бино кардани масҷид, кандан ва омода кардани чоҳи об ва ғайра. Дувум: илмеро, ки мардум аз он баҳра мебаранд, мисли таълифи китобҳои илмӣ, омӯзонидани илм ба дигар шахс, ки баъд аз марги ӯ ин шахс он илмро нашр кунад. Севум: фарзанди солеҳ ва муъмин, ки барои падару модараш дуо мекунад.

Source
رواه مسلم
Download image

Saved at original quality