Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар ки яке аз мушкилоти муъминеро дар дунё дур созад, Худои Таъоло сахтие аз сахтиҳои рӯзи қиёматро аз ӯ дур месозад; ва ҳар ки (кори) дармондаеро осон кунад, Худои Таъоло бар вай дар дунёву охират осонӣ расонад; ва ҳар ки (айби) мусулмонеро бипӯшонад, Худо (гуноҳи) ӯро дар дунёву охират пӯшида дорад. Ва Худо дар ёрии банда аст, модоме ки банда дар (фикри) ёрӣ намудани бародар (-и мусулмон)-аш бошад. Ҳар ки дар ҷустуҷӯи илмомӯзӣ бошад, Худо ба (баракати) он илм роҳеро ба сӯйи ҷаннат бар вай осон созад. Ҳар гоҳ ки мардуме дар масҷиде аз масоҷид ҷамъ омада, Қуръон тиловат кунанд ва аз он дарс омӯзанд, пас бар дилҳои онҳо оромӣ нозил шавад ва раҳмати Худо онҳоро фаро гирад ва малоикаҳо онҳоро иҳота кунанд ва Худо онҳоро дар байни касоне, ки назди Ӯст, ёд кунад; ва ҳар ки дар амал сустӣ кунад, ҳеҷ гоҳ насабаш ӯро ба ҷое нарасонадرواه مسلم