Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Ақида

Аз Анас ибни Молик, (Худованд аз ӯ рози бод) омадааст:

Available in 65 languages
«Аз Анас ибни Молик, (Худованд аз ӯ рози бод) омадааст: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бар маркабе савор ва Муъоз пушти ӯ нишаста буд, гуфт: "Эй Муъоз ибни Ҷабал" Гуфт: бале эй Расули Худо дар хидматат ҳастам. Гуфт: "Эй Муъоз" Муъоз гуфт: бале эй расули Худо дар хидматат ҳастам ва инро се маротиба такрор намуданд. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Касе содиқона ва аз қалб гувоҳӣ диҳад, ки нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст, Худованд оташи дӯзахро бар ӯ ҳаром мегардонад". Муъоз гуфт: оё ин муждаро ба мардум бирасонам? Паёмбари Худо фармуд:" онҳо дигар бар ин такя мекунанд". Муъоз ин ҳадисро ҳангоми вафот аз тарси мабодо инки (барои пинҳон кардани илм) гунаҳгор шавад, гуфтааст.»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Муъоз ибни Ҷабал (Худованд аз ӯ розӣ бод) пушти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) савор буд ва Паёмбари Худо ба ӯ гуфт: эй Муъоз! Ва инро се бор такрор фармуданд, ки такрори ин қавл инҷо бинобар таъкид ва аҳамияти ончи мегуядро дорад. Муъоз (Худованд аз ӯ розӣ бод) посухи ҳар се пурсишро ин гуна ҷавоб доданд: "Лаббайка ё Расулаллоҳ ва саъдайка" (Пай дар пай ба ту ҷавоб мегӯям эй Расули Худо ва барои ту хушӣ хоҳонам). Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: Ҳар касе содиқона ва аз қалб гувоҳӣ диҳад, ки ҳеҷ маъбуди бар ҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад фиристодаи Ӯ Таъоло аст, ва бар ин бовар бимирад Худованд оташи дӯзахро бар ӯ ҳаром мегардонад. Муъоз (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) иҷозат хост, ки оё ин муждаи некро ба мардум бирасонад? Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бим аз он дошт, ки мабодо мардум такя бар ин мужда намуда танбалӣ кунанд ва амалашон кам шавад. Муъоз то замони пеш аз марги худ онро ба касе нагуфт, аммо бинобар тарс аз афтодан ба гуноҳи китмони илм онро ошкор кард.

Source
متفق عليه
Download image

Saved at original quality