TG
Имон ба Аллоҳи бузург
Тавҳиди рубубият
2 hadiths
Тавҳиди рубубият
2
Тавҳиди улуҳият
14
Тавҳиди исмҳо ва сифатҳо
24
2 hadiths
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсидам: Кадом гуноҳ дар назди Аллоҳ бузургтар аст? Гуфт: "Ин ки барои Аллоҳ ҳамтое қарор диҳӣ, дар ҳоле ки Ӯ туро офаридааст". Гуфтам ин (қатъан) гуноҳи бузург аст, баъд аз он кадом гуноҳ? Гуфт: "Ва ин ки писаратро бикушӣ, аз тарси он ки бо ту хӯрок бихӯрад." Гуфтам: Сипас чӣ? Гуфт: "Ин ки бо зани ҳамсояат зино бикунӣ."
متفق عليه
Аз Анас ибни Молик, (Худованд аз ӯ рози бод) омадааст: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бар маркабе савор ва Муъоз пушти ӯ нишаста буд, гуфт: "Эй Муъоз ибни Ҷабал" Гуфт: бале эй Расули Худо дар хидматат ҳастам. Гуфт: "Эй Муъоз" Муъоз гуфт: бале эй расули Худо дар хидматат ҳастам ва инро се маротиба такрор намуданд. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Касе содиқона ва аз қалб гувоҳӣ диҳад, ки нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст, Худованд оташи дӯзахро бар ӯ ҳаром мегардонад". Муъоз гуфт: оё ин муждаро ба мардум бирасонам? Паёмбари Худо фармуд:" онҳо дигар бар ин такя мекунанд". Муъоз ин ҳадисро ҳангоми вафот аз тарси мабодо инки (барои пинҳон кардани илм) гунаҳгор шавад, гуфтааст.
متفق عليه