24 hadiths
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: "Аллоҳ Азза ва Ҷалла мегӯяд: Ман назди гумони бандаи Худ ҳастам (яъне, ман бо бандаам мутобиқи гумоне, ки нисбат ба ман дорад рафтор мекунам), ҳар вақт ки Манро ёд кунад, Ман бо ӯ ҳастам. Агар Манро дар дили худ ёд кунад, Ман ӯро дар назди Худ ёд мекунам. Агар Манро дар миёни ҷамъе ёд кунад, Ман ӯро дар ҷамъе беҳтар аз онҳо ёд мекунам. Агар ба андозаи як ваҷаб ба Ман наздик шавад, Ман ба ӯ ба андозаи зироъ (як даст) наздик мешавам. Агар ба андозаи як зироъ наздик шавад, Ман ба андозаи як боъ (ду дасти боз) ба ӯ наздик мешавам. Агар ӯ ба сӯи Ман қадамзанон биёяд, Ман ба сӯи ӯ бо шитоб меоям."متفق عليه
Аз Абузар (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ривояте аз Аллоҳ Таборак ва Таоло меорад, ки Ӯ Таъоло мефармояд: "Эй бандагони Ман! ҳамоно ман зулмро бар Худ ҳаром гардонидам ва онро дар байни шумо низ ҳаром гардонидаам, пас ба ҳамдигар зулм накунед!. Эй бандагони Ман! ҳамаи шумо гумроҳед, магар касе, ки ӯро ҳидоят кардаам, пас аз Ман роҳи рост талаб кунед, то шуморо роҳнамоӣ кунам. Эй бандагони Ман! ҳамаи шумо гуруснаед, магар касе, ки ӯро таом додаам, пас аз Ман талаб кунед то шуморо бихуронам. Эй бандагони Ман! ҳамаи шумо бараҳнаед, магар касе, ки ӯро пӯшонидаам, пас аз Ман бихоҳед то шуморо бипӯшонам. Эй бандагони Ман! Шумо шабу рӯз хато мекунед ва Ман ҳастам, ки гуноҳонро мебахшам, пас аз Ман омӯрзиш биталабед, то шуморо биомурзам. Эй бандагони Ман шумо ҳаргиз наметавонед ба Ман зараре бирасонед ва ҳаргиз фоидае бар Ман наметавонед бирасонед. Эй бандагони Ман! Агар аз аввалин то охирини шумо, инс ва ҷинни шумо ҳама бар парҳезгортарин қалби фарде аз шумо (ҷамъ) оянд, ҳеҷ чизе дар мулки Ман намеафзояд. Эй бандагони Ман!
Агар аз аввалин то охирини шумо ва инсу ҷинни шумо ҳама бар бадкирдортарин қалби як фарде аз шумо (ҷамъ) оянд ҳеҷ чизе аз мулки Ман кам намекунад. Эй бандагони Ман! агар аз аввалин то охирини шумо ва инсу ҷинни шумо ҳама дар як майдон (ҷамъ) оянд ва аз Ман хоҳиш кунанд ва ба ҳар яки шумо ончи мехоҳандро бидиҳам, ҳеҷ чизе аз мулки Ман кам намешавад, магар ба андозаи як сӯзан, ки дар баҳр фурӯ бурда шавад. Эй бандагони Ман! Ин амалҳои шумо аст, ки онҳоро барои шумо бармешуморам, сипас (подоши) онҳоро барои шумо комил медиҳам, пас ҳар кӣ хайр ва некӣ дарёфт Худоро ҳамд гӯяд ва ҳар кӣ ғайри онро дарёфт, ҷуз худаш касеро маломат накунад".رواه مسلم
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дар ҳақиқат Аллоҳ Таъоло фармуд: Ҳар ки бо дӯсте аз дӯстони ман душманӣ варзад, ман бо ӯ ҷанг эълон кардаам. Ва бандаам бо чизе ба ман наздик нашудааст, ки барои ман маҳбубтар аз он чи бар ӯ фарз кардаам, бошад. Ва бандаам ҳамвора бо нафлҳо ба ман наздики меҷӯяд, то ин ки дӯсташ бидорам ва чун дӯсташ доштам, ман гӯши ӯ мешавам, ки бо он мешунавад ва чашми ӯ мешавам, ки бо он мебинад ва дасти ӯ мешавам, ки бо он мегирад ва пойи ӯ мешавам, ки бо он роҳ меравад. Ва агар аз ман бихоҳад, қатъан, ба ӯ ато хоҳам кард ва агар аз ман паноҳ бихоҳад, ӯро паноҳ хоҳам дод. Ва дар ҳеҷ коре, ки анҷомаш медиҳам, ба андозаи гирифтани ҷони муъмин тараддуд накардаам, ӯ маргро намеписандад ва ман ҳам озори ӯро намеписандам".رواه البخاري