Hadith for the World
Имон ба Аллоҳи бузург

Тавҳиди улуҳият

14 hadiths

14 hadiths

Аз Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аллоҳ Таъоло шуморо аз савганд ёд кардан ба падаронатон манъ мекунад". Умар гуфт: Ба Аллоҳ савганд аз он замоне ки аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунидам, ба он (падарон) савганд нахӯрдаам, чи қасдан бошад ё нақл кардан (и савганди дигар кас).متفق عليه
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Аллоҳ Таборак ва Таъоло фармудааст: Ман аз ширк бениёзтарин ҳастам, ҳар кӣ амалеро анҷом диҳад, ки касеро бо Ман дар он шарик месозад, ӯ ва ширкашро ба ҳоли худаш мегузорам".رواه مسلم
Аз Умар ибни Хаттоб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Дар ситоиши ман зиёдаравӣ накунед, чунончи насоро дар ситоиши писари Марям зиёдаравӣ карданд, ман бандаи Аллоҳ ҳастам, бинобар ин бигӯед: фиристода ва бандаи Аллоҳ".رواه البخاري
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: ба Паёмбари Худо гуфтанд: эй Паёмбари Худо аз ҳама хушбахттар ба шафоати ту дар рӯзи қиёмат кист? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Эй Абуҳурайра аз сабаби аз ҳама бештар аҳамият доданат бар аҳодиси ман, гумон доштам касе пеш аз ту дар ин маврид намепурсад. Хушбахттарини мардум дар рӯзи қиёмат ба шафоати ман касе аст, ки аз самими қалб ва ҷон "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяд".رواه البخاري
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) сухане гуфт ва ман сухане гуфтам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар ки дар ҳоле бимирад, ки ба ҷои Аллоҳ ҳамтоеро фаро мехонд, ба дӯзах медарояд". Ва ман гуфтам: Ҳар ки дар ҳоле бимирад, ки барои Аллоҳ ҳамтоеро фаро нахонад, вориди биҳишт мешавад.متفق عليه
عن ابن مسعود رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم : «من أصابته فَاقَة فأنْزَلها بالناس لم تُسَدَّ فَاقَتُهُ، ومن أنْزَلها بالله، فَيُوشِكُ الله له بِرزق عاجل أو آجل».رواه أبو داود والترمذي وأحمد
عن عبد الله بن مسعود رضي الله عنه عن النبي صلى الله عليه وسلم أنه قال: "أكبر الكبائر: الإشراك بالله، والأمن من مَكْرِ الله، والقُنُوطُ من رحمة الله، واليَأْسُ من رَوْحِ الله".رواه عبد الرزاق
عن عبد الله بن عكيم رضي الله عنه مرفوعاً: «مَنْ تَعَلَّقَ شيئا وُكِلَ إليه».رواه أحمد والترمذي
Аз Ториқ ибни Ашими Ашҷаъӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Ҳар касе "Ло илоҳа иллаллоҳ" гӯяд ва ончи ғайр аз Аллоҳ парастиш мешавад инкор кунад, мол ва хунаш ҳаром мешавад ва (боқӣ) ҳисобаш назди Аллоҳ аст".رواه مسلم
Аз Абумарсади Ғанавӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Бар қабрҳо нанишинед ва ба сӯи онҳо намоз нагузоред".رواه مسلم
Аз Оиша модари муъминон (разияллоҳу анҳо) ривоят аст: Умми Салама барои Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ёдовар шуд, ки дар сарзамини Ҳабаша калисое ба номи Морияро дидааст. Ва барои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тасвирҳое, ки дар он дида буд, ёдовар шуд. Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:"Онҳо мардуме ҳастанд, ки чун бандаи солеҳе ё марди солеҳе аз миёни онҳо бимирад, бар рӯйи қабри ӯ масҷид месозанд ва дар он суратҳо мекашанд, Онон бадтарин махлуқот дар назди Аллоҳ ҳастанд."متفق عليه
Аз Муъоз (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Пушти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар маркабе ки Уфайр ном дошт, нишаста будам. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтанд: "Эй Муъоз оё медони ҳаққи Худованд бар бандагонаш ва ҳаққи бандагонаш бар Худованд чист? Гуфтам: Худованд ва Паёмбараш хубтар медонанд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ҳаққи Худованд бар бандагонаш он аст, ки Ӯро ибодат кунанд ва чизеро шарики Ӯ қарор надиҳанд, ва ҳаққи бандагон бар Худованд он аст, ки Ӯ Таъоло онҳоро дар ҳоле,ки ба Ӯ таъоло шарик қоил нашудаанд азоб надиҳад". Муъоз (Худованд аз ӯ розӣ бод) мегӯяд: гуфтам эй Расули худо! Оё мардумро мужда надиҳам? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Башорат надеҳ, ки онҳо ба ин такя (ва танбалӣ) мекунанд".متفق عليه
Аз Ҷобир (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки: марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва пурсид: Эй Паёмбари Худо! Он ду воҷиб кадомҳоянд? Паёмбар фармуданд:" Ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худованд шарик наовардааст, вориди биҳишт мешавад, ва ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худованд шарик қоил бошад вориди дӯзах хоҳад шуд".رواه مسلم
عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «إِنَّ اللهَ يَرْضَى لَكُمْ ثَلَاثًا، وَيَكْرَهُ لَكُمْ ثَلَاثًا، فَيَرْضَى لَكُمْ: أَنْ تَعْبُدُوهُ، وَلَا تُشْرِكُوا بِهِ شَيْئًا، وَأَنْ تَعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللهِ جَمِيعًا وَلَا تَفَرَّقُوا، وَيَكْرَهُ لَكُمْ: قِيلَ وَقَالَ، وَكَثْرَةَ السُّؤَالِ، وَإِضَاعَةِ الْمَالِ».رواه مسلم