Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Ақида

Аз Ториқ ибни Ашими Ашҷаъӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт:

Available in 65 languages
«Аз Ториқ ибни Ашими Ашҷаъӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Ҳар касе "Ло илоҳа иллаллоҳ" гӯяд ва ончи ғайр аз Аллоҳ парастиш мешавад инкор кунад, мол ва хунаш ҳаром мешавад ва (боқӣ) ҳисобаш назди Аллоҳ аст".»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки ҳар кас бо забонаш "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяд ва гувоҳӣ диҳад, ки "Нест маъбуди барҳақ магар Аллоҳ" ва ончи ғайр аз Аллоҳ парастида мешавад, инкор кунад ва аз ҳама динҳо ҷуз Ислом безорӣ ҷӯяд, мол ва ҷонаш бар мусалмонон ҳаром аст ва ҷуз амали зоҳирӣ дигар амалҳои ӯ марбути мо бандагон нест, ҷон ва моли ӯ дар амон аст, магар инки муртакиби ҷиноят шавад, ки ба муқтазои аҳкоми Ислом муҷозоти ӯ лозим меояд. Ҳисоби ӯ дар қиёмат назди Аллоҳ аст, агар дар имонаш содиқ буд сазовори подош ва агар мунофиқ буд сазовори азоб аст.

Source
رواه مسلم
Download image

Saved at original quality