Ақида
Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
Available in 55 languages
«Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аллоҳ Таборак ва Таъоло ба аҳли биҳишт мегӯяд: Эй аҳли биҳишт! Онҳо мегӯянд: Лаббайк, Парвардигори мо! Мо итоат мекунем ва хушбахтем!
Худованд мепурсад: Оё шумо розӣ ҳастед?
Онҳо мегӯянд: Чаро розӣ набошем, дар ҳоле ки ба мо чизҳоеро додӣ, ки ба ҳеҷ як аз махлуқоти Худ надодаӣ?
Худованд мефармояд: Ман ба шумо чизе беҳтар аз ҳамаи инҳо медиҳам.
Онҳо мегӯянд: Эй Парвардигор, чӣ чизе беҳтар аз ин аст? Худованд мефармояд: Ман ризоияту хушнудии худро шомили ҳоли шумо мегардонам ва ҳаргиз пас аз ин бар шумо хашм намегирам."»Meaning translation ·
Saved at original quality








