Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Ақида

Аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст:

Available in 56 languages
«Аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст: Ҳар гоҳ Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вориди масҷид мешуд ин дуоро мехонд: "Аъузу биллоҳил-ъазим ва биваҷҳиҳил-карим ва султониҳил-қадим минаш-шайтонир-раҷим". Гуфт: Оё фақат ҳаминро гуфт? Гуфтам: Оре. Гуфт: Ҳар гоҳ касе ин дуоро бигӯяд, шайтон мегӯяд: Ӯ дар давоми рӯз аз ман эмин мемонад.»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳар вақт масҷид медаромад, ин дуоро мегуфт: (Аъузу биллоҳил-ъазим) Паноҳ мебарам ба Аллоҳи бузург ва сифатҳояш. (ва би-ваҷҳиҳил-карим) Ба чеҳраи карими Ӯ, ки бахшанда ва атокунанда аст. (ва султониҳӣ) Ғалаба, қудрат ва қаҳри Ӯ бар ҳар касе аз бандагонаш бихоҳад. (ал-қадим) Азалӣ, абадӣ. (минаш-шайтонир-раҷим) Рондашуда ва дур шуда аз раҳмати илоҳӣ. Яъне: Худовандо! Маро аз васвасаҳо, гумроҳсозӣ, қадамҳои шайтон, илҳомҳои бад, зебо ҷилва доданҳои ботил ва гумроҳ кардани шайтони лаънатшуда нигоҳ дор, зеро ӯ сабаби гумроҳист ва касест, ки мардумро ба роҳи залолат, гумроҳӣ ва ҷаҳолат мебарад. Ба Абдуллоҳ ибни Амр гуфта шуд: Оё Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) танҳо ҳаминро гуфт? Гуфт: Оре. Агар шахси ба масҷид дохилшаванда ин дуоро бигӯяд, шайтон мегӯяд: Ин шахс худро аз ман дар тамоми рӯз ва шабаш ҳифз кард.

Source
رواه أبو داود
Download image

Saved at original quality