Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Ақида

Аз Ҷобир (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки:

Available in 71 languages
«Аз Ҷобир (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки: марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва пурсид: Эй Паёмбари Худо! Он ду воҷиб кадомҳоянд? Паёмбар фармуданд:" Ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худованд шарик наовардааст, вориди биҳишт мешавад, ва ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худованд шарик қоил бошад вориди дӯзах хоҳад шуд".»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Марде аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди ду хислат, ки яке инсонро ба биҳишт ва дигаре ба дӯзах мебарад чист? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар посух ба ӯ гуфтаанд: Хислате, ки инсонро ба биҳишт мебарад ин аст, ки банда дар ҳоле бимирад, ки танҳо Худовандро ибодат кунад ва касеро бо Ӯ шарик қарор надиҳад. Аммо хислате ки инсонро ба дӯзах мебарад, ин аст, ки ӯ дар ҳоле мемирад, ки ба Худованд чизеро шарик қарор медиҳад, барои Худованд дар улуҳият, рубубият ва номҳо ва сифатҳои Ӯ Таъоло монанд ва шарик қоил шавад.

Source
رواه مسلم
Download image

Saved at original quality