Ақида
Аз Усмон ибни Абулъос (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки
Available in 63 languages
«Аз Усмон ибни Абулъос (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки ӯ назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва гуфт: Эй Расули Аллоҳ! Шайтон миёни ман ва намози ман ворид шудааст ва дар хонданам барои ман мушкилӣ эҷод мекунад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:" Он шайтоне аст, ки номаш Хинзаб аст, пас ҳар вақт эҳсосаш кардӣ, аз ӯ ба Аллоҳ паноҳ бибар (Аъузу биллоҳ бигӯ) ва се бор ба тарафи чапат туф бикун". Усмон мегӯяд: Ман ин корро кардам ва Аллоҳ онро аз ман бартараф сохт. (Манзур аз туф кардан, пуф кардан бо андаке аз оби даҳон аст).»Meaning translation ·
Saved at original quality








