10 hadiths
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз Парвардигораш овардааст, ки Ӯ Таъоло мефармояд: "Банда гуноҳ мекунад ва сипас мегӯяд: Парвардигоро! гуноҳони маро биёмурз, Аллоҳ Таборак ва Таъоло мегӯяд: бандаам гуноҳ кард ва донист, ки Парвардигоре дорад, ки бахшандаи гуноҳон аст ва Ӯ Таъоло барои гуноҳ муҷозот низ мекунад, банда дубора муртакиби гуноҳ шуд ва гуфт: Парвардигоро гуноҳамро биёмӯрз. Пас Аллоҳ Таборак ва Таъоло фармуд: бандаам гуноҳе кард ва донист, ки Парвардигоре дорад, ки гуноҳро мебахшад ва барои гуноҳ муҷозот низ мекунад, банда боз муртакиби гуноҳ шуд ва гуфт: Парвардигоро гуноҳамро биёмӯрз. Аллоҳ Таборак ва Таъоло мефармояд: бандаам гуноҳ кард ва донист, ки Парвардигоре дорад, ки гуноҳро мебахшад ва барои гуноҳ муҷозот низ мекунад, ҳарчи мехоҳӣ бикун, ки ман туро бахшидам".متفق عليه