Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фазоил ва одоб

Аз Абудардо (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

Available in 60 languages
«Аз Абудардо (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Оё шуморо аз беҳтарин амалҳоятон, поктарин дар назди подшоҳи шумо (Аллоҳи Мутаъол), таъсирноктарин амалатон дар боло бурдани мартабаатон, огоҳ насозам, ки аз инфоқи тилло ва нуқра барои шумо беҳтар ва аз рӯ ба рӯ шудани шумо бо душманатон, ки гардани онҳоро бизанед ва онҳо гардани шуморо бизананд, беҳтар аст?" Гуфтанд: Бале. Фармуд: "Зикри Аллоҳ Таъоло."»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) асҳобашро пурсид: Оё мехоҳед шуморо аз беҳтарин, шарафмандтарин, гиромитарин, рушдноктарин, поктарин ва холистарин аъмолатон дар назди Аллоҳи Молик (Азза ва Ҷалла) хабар диҳам? Ва он амале, ки бештар боиси боло бурдани дараҷоти шумо дар биҳишт хоҳад шуд, ки бароятон беҳтар аз садақа додани тилло ва нуқра аст? Ва беҳтар аз он аст, ки бо кофирон рӯ ба рӯ шавед ва гардани ҳамдигарро бизанед? Саҳоба фармуданд: Оре, мехоҳем. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Зикри Аллоҳ Таъоло дар ҳама вақтҳо ва дар ҳама шароиту ҳолатҳо.

Source
رواه الترمذي وابن ماجه وأحمد
Download image

Saved at original quality