Фазоил ва одоб
Аз Сулаймон ибни Сурад (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Available in 53 languages
«Аз Сулаймон ибни Сурад (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Ман бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нишаста будам, ду мард ба якдигар дашном медоданд. Чеҳраи яке аз онҳо сурх ва рагҳои гарданаш аз шиддати ғазаб баромада буданд. Паёмбар гуфт:" Ман калимаеро медонам, ки агар онро бигӯяд хашму ғазабаш фурӯ менишинад. Агар бигӯяд: Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим, хашмаш бартараф мешавад". Ба он мард гуфтанд: Паёмбар гуфт, ки “Аз шарри шайтони рондашуда ба Аллоҳ паноҳ бибар". Он мард гуфт: Оё ман девонаам?»Meaning translation ·
Saved at original quality







