Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фазоил ва одоб

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст:

Available in 70 languages
«Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз Парвардигораш овардааст, ки Ӯ Таъоло мефармояд: "Банда гуноҳ мекунад ва сипас мегӯяд: Парвардигоро! гуноҳони маро биёмурз, Аллоҳ Таборак ва Таъоло мегӯяд: бандаам гуноҳ кард ва донист, ки Парвардигоре дорад, ки бахшандаи гуноҳон аст ва Ӯ Таъоло барои гуноҳ муҷозот низ мекунад, банда дубора муртакиби гуноҳ шуд ва гуфт: Парвардигоро гуноҳамро биёмӯрз. Пас Аллоҳ Таборак ва Таъоло фармуд: бандаам гуноҳе кард ва донист, ки Парвардигоре дорад, ки гуноҳро мебахшад ва барои гуноҳ муҷозот низ мекунад, банда боз муртакиби гуноҳ шуд ва гуфт: Парвардигоро гуноҳамро биёмӯрз. Аллоҳ Таборак ва Таъоло мефармояд: бандаам гуноҳ кард ва донист, ки Парвардигоре дорад, ки гуноҳро мебахшад ва барои гуноҳ муҷозот низ мекунад, ҳарчи мехоҳӣ бикун, ки ман туро бахшидам".»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз Парвардигор ривоят мекунад, ки агар банда гуноҳ кунад ва сипас бигӯяд: Парвардигоро гуноҳи маро бибахш, Худованд мефармояд: бандаи ман гуноҳ кард ва донист Парвардигоре дорад гуноҳро мебахшад ва онро мепӯшонад, ё барои гуноҳ муҷозот мекунад, пас ӯро мавриди мағфират қарор додам. Банда боз муртакиби гуноҳ шуд ва гуфт: Парвардигоро гуноҳи маро бибахш, Худованд мефармояд: бандаи ман гуноҳ кард ва донист ӯ Парвардигоре дорад, ки гуноҳро мебахшад ва онро мепӯшонад ва аз он дар мегузарад, ё барои гуноҳ муҷозот низ мекунад, пас Ман бандаамро бахшидам. Банда боз муртакиби гуноҳ шуд ва гуфт: Парвардигоро гуноҳи маро бибахш, Худованд мефармояд: бандаам гуноҳ кард ва донист, ки ӯ Парвардигоре дорад, ки гуноҳро мебахшад ва онро мепӯшонад ва аз он мегузарад, ё инки барои гуноҳ муҷозот мекунад, пас бандаамро бахшидам. То замоне, ки банда пас аз ҳар гуноҳ аз он даст мекашад ва пушаймон мешавад ва тасмим барои барнагаштан ба гуноҳ мекунад, аммо нафсаш бар ӯ ғолиб меояд ва боз дар гуноҳ воқеъ мешавад, ва боз тавба мекунад ӯро мебахшам, зеро тавба ончи пеш аз он будро аз байн мебарад.

Source
متفق عليه
Download image

Saved at original quality