Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Ақида

Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки ӯ Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунид, ки мегуфт:

Available in 62 languages
«Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки ӯ Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунид, ки мегуфт: "Ҳаргоҳ садои муаззинро шунидед, монанди он чи мегӯядро бигӯед, сипас бар ман дуруд бифиристед, зеро ҳар ки бар ман як дуруд бифиристад, Аллоҳ бар ӯ даҳ бор дуруд хоҳад фиристод. Сипас аз Аллоҳ барои ман "васила"-ро бихоҳед, зеро он манзилате аст дар биҳишт, ки танҳо шоистаи яке аз бандагони Аллоҳ аст ва умедворам он ман бошам. Пас ҳар ки барои ман "васила"-ро бихоҳад, шафоат баҳраи ӯ хоҳад шуд."»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) роҳнамоӣ намуданд, ки ҳар кас садои муаззин барои намозро шунид, гуфтаи муаззинро баъд аз ӯ такрор кунад, ба ҷуз ду ҷумлаи (ҳайя алас-салот, ҳайя алал-фалоҳ), ки баъд аз он (Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ) мегӯяд. Сипас баъд аз поёни азон бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дуруд мефиристад, зеро ҳар касе ба Ӯ як дуруд фиристад, Аллоҳ ба сабаби он бар ӯ даҳ дуруд мефиристад. Ва маънои дуруди Аллоҳ бар бандааш, санои Аллоҳ бар бандааш назди малоика аст. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амр намуданд, ки аз Аллоҳ барои ӯ "васила" дархост шавад. Васила як мақому манзилатест дар биҳишт, ки болотарин манзилати он аст ва шоиста ва муяссар нест ҷуз барои як банда аз миёни ҳама бандагони Аллоҳ Таъоло. Ва он ҳазрат умедвор аст, ки он банда эшон бошанд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) инро аз рӯйи тавозуъ баён намуданд, зеро агар он манзилат танҳо шоистаи як нафар бошад, он як нафар касе нест ҷуз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), зеро Ӯ беҳтарини офаридагон аст. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тавзеҳ доданд, ки ҳар кас барои ӯ "васила"-ро дар дуо бихоҳад, шафоаташ барои ӯ ҳосил мешавад.

Source
رواه مسلم
Download image

Saved at original quality