Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Қуръони карим ва илмҳои он

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

Available in 70 languages
«Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: " Қиёмат барпо намешавад то инки офтоб аз мағриб тулӯъ кунад, ва чун аз мағриб тулӯъ кунад мардум пас аз дидани он ҳама имон биёваранд. (Рӯзе, ки баъзе нишонаҳои Аллоҳ ошкор шавад, имони касе, ки пеш аз он имон наёварда ё дар вақти имон доштанаш кори неке анҷом надодааст, барои ӯ фоидае нахоҳад дошт. (Анъом: 158)). Қиёмат дар ҳоле фаро мерасад, ки ду мард дар ҳоли хариду фурӯши матоъи худ ҳастанд, аммо на хариду фурӯши худро ба поён мерасонанд ва на фурсат барои ҷамъ кардани он хоҳад монд. Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки марде шири шутури худро ҷӯшида аммо фурсат барои нӯшидани он нахоҳад монд. Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки марде ҳавзи худро таъмир мекунад, аммо аз он об наменӯшад. Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки яке аз шумо луқмаи нонро ба тарафи даҳонаш мебарад, аммо онро намехӯрад".»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки яке аз нишонаҳои қиёмат он аст, ки офтоб на аз машриқ балки аз мағриб тулӯъ мекунад, ва чун мардум онро бо чашми худ мебинанд, ҳама имон меоваранд. Дар он вақт на кофирро имон суд хоҳад бахшид, ва на касеро амали нек ва тавба. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) огаҳ фармудаанд, ки қиёмат ба таври ногаҳонӣ барпо мешавад, ба гунае, ки мардум дар он лаҳза машғули кор ва зиндагии худ ҳастанд. Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки фурӯшанда ва харидор машғули савдои худ ҳастанд, матоъ миёни онҳо гузошта шудааст, аммо савдо нотамом боқӣ мемонад, ҳатто фурсат барои ҷамъ кардани он нахоҳад монд. Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки мард шутури худро ҷӯшида аммо дигар фурсат барои нӯшидани он намеёбад. Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки марде ҳавзи оби худро бино ва таъмир кардааст, аммо аз оби он истифода намекунад. Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки марде луқмаи таоми худро мебардорад то ба даҳон гузорад, аммо онро хурда наметавонад.

Source
متفق عليه
Download image

Saved at original quality