Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Қуръони карим ва илмҳои он

Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

Available in 70 languages
«Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ба соҳиби Қуръон (касе ки Қуръонро ҳифз карда ва ба он амал мекунад) гуфта мешавад: бихон ва соҳиби манзилати боло бишав, Қуръонро бо тартил бихон, чунончи дар дунё онро бо тартил мехондӣ, зеро ҷойгоҳ ва манзилати ту назди охирин ояте аст, ки мехонӣ"»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки ба ҳофизи Қуръон, касе, ки дар дунё онро ҳифз карда буд ва ҳамеша онро тиловат ва ба он амал мекард, чун дохили биҳишт шавад ба ӯ гуфта мешавад: Қуръонро бихон ва ба дараҷаҳои баланди биҳишт бирас, онро бо тартиб ва бодиққату оромиш бихон, ҳамон гуна, ки дар дунё тиловат мефармудӣ, зеро ҷойгоҳ ва манзилати ту дар биҳишт бар асоси охирин оятест, ки мехонӣ.

Source
رواه أبو داود والترمذي والنسائي في الكبرى وأحمد
Download image

Saved at original quality