Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Ақида

Аз Абумусо (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

Available in 66 languages
«Аз Абумусо (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳамоно Аллоҳ ба золим муҳлат медиҳад, ва чун ӯро гирифт, дигар раҳояш намекунад". Сипас ин ояти каримаро қироат фармуд: "Ва чунин аст бозхости Парвардигорат, ки аҳолии шаҳрҳоеро, ки ситамгор [-у мушрик] буданд, фаро мегирифт. Бе гумон, бозхости ӯ дарднок ва сахт аст". (Ҳуд 102)"»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз фурӯ рафтан дар гуноҳу маъосӣ ва ширк ва зулму ситам дар ҳаққи мардум ҳушдор додааст. Аллоҳ Таъоло ба золим муҳлат медиҳад ва бозхости ӯро ба таъхир меандозад, умрашро тулонӣ ва ба ӯ моли зиёд медиҳад ва дар уқубати ӯ шитоб намекунад. Пас агар тавба накард, ӯро ба муҷозот мегирад ва ба сабаби зулми зиёд, ки анҷом додааст дигар раҳояш намекунад. Сипас Паёмбари Худо ин сухани Аллоҳро тиловат фармуд: "Ва чунин аст бозхости Парвардигорат, ки аҳолии шаҳрҳоеро, ки ситамгор [-у мушрик] буданд, фаро мегирифт. Бе гумон, бозхости Ӯ дарднок ва сахт аст". (Сураи Ҳуд: 102)"

Source
متفق عليه
Download image

Saved at original quality