Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Ақида

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

Available in 65 languages
«Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Имон ҳафтоду чанд -ё шасту чанд- шоха дорад, ки болотарини он гуфтани "Ло илоҳа иллаллоҳ" ва кӯчактарини он дур кардани (чизҳои) зараррасон аз роҳ аст, ва ҳаё шохае аз имон аст".»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки имон дорои шоха ва вижагиҳои бисёре аст, ки шомил амалҳову эътиқодот ва гуфторҳост. Баландтарин ва беҳтарин вижагиҳои имон гуфтани "Ло илоҳа иллаллоҳ" бо донистани маъно ва амал кардан ба муқтазои он аст, яъне Аллоҳ ҳамон маъбуди ягонае аст, ки танҳо Ӯ шоистаи ибодат аст. Кӯчактарин шохаи имон аз роҳ дур кардани ҳар чизе аст, ки ба мардум зиён мерасонад. Сипас Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки ҳаё аз вижагиҳои имон ва хислате аст, ки инсонро ба анҷоми амалҳои зебо ва тарк кардани зиштиҳо бармеангезад.

Source
متفق عليه
Download image

Saved at original quality