Hadith for the World
Номҳо ва аҳком

Зиёд шудан ва кам шудани имон

5 hadiths

5 hadiths

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Имон ҳафтоду чанд -ё шасту чанд- шоха дорад, ки болотарини он гуфтани "Ло илоҳа иллаллоҳ" ва кӯчактарини он дур кардани (чизҳои) зараррасон аз роҳ аст, ва ҳаё шохае аз имон аст".متفق عليه
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Мусалмон касе аст, ки мусалмонон аз забон ва дасти ӯ дар амон бошанд. Ва муҳоҷир касе аст, ки он чиро Аллоҳ ҳаром кардааст, тарк кунад."متفق عليه
Аз Абусаиди Худрӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Ҳар кӣ аз шумо кори зишт ва норавоеро дид, пас бояд онро бо дасташ бартараф созад, агар натавонад бо забонаш онро инкор кунад ва агар натавонад пас бо дилаш, ки он (инкор кардани бо дил) зинаи заъифтарини имон аст".رواه مسلم
عَنْ أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ، عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ: "ثَلاَثٌ مَنْ كُنَّ فِيهِ وَجَدَ حَلاَوَةَ الإِيمَانِ: أَنْ يَكُونَ اللَّهُ وَرَسُولُهُ أَحَبَّ إِلَيْهِ مِمَّا سِوَاهُمَا، وَأَنْ يُحِبَّ المَرْءَ لاَ يُحِبُّهُ إِلَّا لِلَّهِ، وَأَنْ يَكْرَهَ أَنْ يَعُودَ فِي الكُفْرِ كَمَا يَكْرَهُ أَنْ يُقْذَفَ فِي النَّارِ".متفق عليه
Аз Аббос ибни Абдулмутталиб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки ӯ аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунид, ки мегуфт: "Ҳаловати имонро касе чашидааст, ки ба Аллоҳ ҳамчун Парвардигори худ ва ба Ислом ҳамчун дини худ ва бар Муҳаммад ҳамчун паёмбари худ розӣ бошад."رواه مسلم