Hadith for the World
Ақида

Номҳо ва аҳком

22 hadiths

22 hadiths

Аз Абумусои Ашъарӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар ки бар зидди мо силоҳ бардорад, аз мо нест."متفق عليه
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Пеш аз фитнаҳои монанди пораҳои шаби торик ба анҷоми аъмол бишитобед. (Он ҳангом ки) мард дар ҳоле шабро ба саҳар мерасонад, ки муъмин аст ва ҳангоми шом кофир мешавад, ё саҳарро дар ҳоли муъмин будан ба шом мерасонад ва саҳар кофир мешавад. Дини худро дар баробари молу матои дунё мефурӯшад."رواه مسلم
عن أبي هريرة رضي الله عنه مرفوعاً: «الإيمانُ بِضْعٌ وَسَبْعُونَ أو بِضْعٌ وسِتُّونَ شُعْبَةً: فَأَفْضَلُهَا قَوْلُ: لا إله إلا الله، وَأَدْنَاهَا إِمَاطَةُ الأَذَى عَنِ الطَّرِيقِ، وَالحَيَاءُ شُعْبَةٌ مِنَ الإِيمَانِ».متفق عليه
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: " Худоё! қабри маро чун бутхона магардон, Аллоҳ лаънат кунад қавмеро, ки қабрҳои паёмбаронашонро масҷид гирифтаанд".رواه أحمد
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дар ҳақиқат вазнинтарин намоз бар мунофиқон намози хуфтан ва бомдод аст. Ва агар медонистанд дар он ду намоз (чи подоше) аст, барои адои он ҳатто хазида ба масҷид меомаданд. Ва ба таъкид хостам, ки амр намоям то намоз барпо шавад, сипас ба яке аз мардон амр кунам барои мардум намоз бихонад, сипас ҳамроҳ бо мардоне, ки бастаҳое аз ҳезум ба ҳамроҳ доранд ба сӯйи ақвоме биравам, ки барои намози ҷамоат ҳозир намешаванд, то хонаҳояшонро бо оташ бисӯзонам."متفق عليه
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Касе, ки ба сӯи ҳидоят даъват кунад, барояш аҷри касоне, ки аз ӯ пайравӣ мекунанд, хоҳад буд, бе он ки аз аҷру савоби онҳо чизе кам шавад. Ва касе, ки ба сӯи гумроҳӣ даъват кунад, барояш монанди гуноҳи касоне, ки аз ӯ пайравӣ мекунанд, хоҳад буд, бе он ки аз гуноҳони онон чизе кам шавад."رواه مسلم
Аз Маҳмуд ибни Лабид (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дар ҳақиқат бештарин чизе, ки аз он бар шумо метарсам, ширки хурд аст." Гуфтанд: Ширки хурд чист эй Расули Аллоҳ? Гуфт: "Риё (худнамоӣ) Аллоҳ Таъоло рӯзи қиёмат, ҳангоме ки мардум подоши амалҳояшонро мегиранд, ба онон (риёкорон) мегӯяд: Ба назди касоне биравед, ки дар дунё барои онон риё ва худнамоӣ мекардед ва бубинед, ки оё назди онон подоше меёбед?"رواه أحمد
عن عبد الله بن عمرو بن العاص - رضي الله عنه- مرفوعاً: "مَن ردته الطِّيَرَة عن حاجته فقد أشرك، قالوا: فما كفارة ذلك؟ قال: أن تقول: اللهم لا خير إلا خيرك، ولا طَيْرَ إِلَّا طَيْرُكَ ولا إله غيرك".رواه أحمد
Аз Нуъмон ибни Башир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Мисоли муъминон дар муҳаббат, шафқат ва раҳмдилӣ монанди бадан аст, ки агар яке аз узвҳои он шикоят кунад, тамоми бадан бо бехобӣ ва таб бо он ҳамроҳӣ мекунад."متفق عليه
Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аз мо нест касе, ки ба рухсораҳояш бизанад ва гиребон бидарад ва монанди замони ҷоҳилият оҳу вой кунад (ва суханони ҷоҳилиро ба забон биёварад)."متفق عليه
Аз баъзе ҳамсарони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ҳар кас назди арроф (фолбин-пешгӯянда) равад ва аз ӯ чизе бипурсад, чиҳил шаб намозаш қабул намешавад"رواه مسلم
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Имон ҳафтоду чанд -ё шасту чанд- шоха дорад, ки болотарини он гуфтани "Ло илоҳа иллаллоҳ" ва кӯчактарини он дур кардани (чизҳои) зараррасон аз роҳ аст, ва ҳаё шохае аз имон аст".متفق عليه
Аз Бурайда (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар кас ба амонат савганд ёд кунад, аз мо нест."رواه أبو داود وأحمد
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Мусалмон касе аст, ки мусалмонон аз забон ва дасти ӯ дар амон бошанд. Ва муҳоҷир касе аст, ки он чиро Аллоҳ ҳаром кардааст, тарк кунад."متفق عليه
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ислом бар панҷ асос бино ёфтааст: Гувоҳӣ додан ба ин ки маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ Таъоло нест ва ин ки Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) расул ва фиристодаи Худост, барпо доштани намоз, додани закот, ҳаҷҷи Хона ва рӯзаи Рамазон".متفق عليه
Аз Абусаиди Худрӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Ҳар кӣ аз шумо кори зишт ва норавоеро дид, пас бояд онро бо дасташ бартараф созад, агар натавонад бо забонаш онро инкор кунад ва агар натавонад пас бо дилаш, ки он (инкор кардани бо дил) зинаи заъифтарини имон аст".رواه مسلم
Аз Абумолики Ашъарӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Покӣ нисфи имон аст, ва "Алҳамду лиллоҳ" тарозуро пур мекунад, ва "Субҳонал-лоҳи" ва "Алҳамду лиллоҳи" миёни осмон ва заминро пур мекунанд. Намоз нур аст, садақа бурҳон аст, сабр равшанӣ аст ва Қуръон далел (ҳуҷҷат)-е аст барои ту ё бар алайҳи ту. Ҳамаи мардум субҳ (аз хона) берун мешаванд, дар ҳоле ки нафси худро фурӯхтаанд, пас он (яъне нафси худ)-ро ё озод кардаанд ва ё ҳалок сохтаанд".رواه مسلم
Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Гуфтам: Эй Расули Аллоҳ! Ибни Ҷудъон дар замони ҷоҳилият силаи раҳм (робитаи хешутаборӣ) бар ҷой меовард ва бар мискинон таъом медод, оё ин амалаш ба ӯ суд дорад? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ба ӯ ҳеҷ нафъе надорад, зеро ӯ ҳеҷ гоҳ нагуфтааст: Парвардигоро рӯзи қиёмат гуноҳони маро биёмӯрз"رواه مسلم
Аз Ҷобир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфт: "Миёни шахс ва ширку куфр, тарки намоз аст."رواه مسلم
عَنْ أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ، عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ: "ثَلاَثٌ مَنْ كُنَّ فِيهِ وَجَدَ حَلاَوَةَ الإِيمَانِ: أَنْ يَكُونَ اللَّهُ وَرَسُولُهُ أَحَبَّ إِلَيْهِ مِمَّا سِوَاهُمَا، وَأَنْ يُحِبَّ المَرْءَ لاَ يُحِبُّهُ إِلَّا لِلَّهِ، وَأَنْ يَكْرَهَ أَنْ يَعُودَ فِي الكُفْرِ كَمَا يَكْرَهُ أَنْ يُقْذَفَ فِي النَّارِ".متفق عليه
Аз Аббос ибни Абдулмутталиб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки ӯ аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунид, ки мегуфт: "Ҳаловати имонро касе чашидааст, ки ба Аллоҳ ҳамчун Парвардигори худ ва ба Ислом ҳамчун дини худ ва бар Муҳаммад ҳамчун паёмбари худ розӣ бошад."رواه مسلم
عن جابر بن عبد الله قال: كان رسول الله صلى الله عليه وسلم إذا خطب احمرَّتْ عيناه، وعلا صوته، واشتد غضبه، حتى كأنه مُنذِرُ جيشٍ يقول: صبَّحكم ومسَّاكم، ويقول: «بُعثتُ أنا والساعةُ كهاتين»، ويقرن بين إصبعيه السبابة، والوسطى، ويقول: «أما بعد، فإن خير الحديث كتاب الله، وخير الهدى هدى محمد، وشر الأمور محدثاتها، وكل بدعة ضلالة» ثم يقول: «أنا أولى بكل مؤمن من نفسه، من ترك مالًا فلأهله، ومن ترك دينًا أو ضَياعًا فإليَّ وعليَّ».رواه مسلم