Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Ақида

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

Available in 60 languages
«Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Касе, ки ба сӯи ҳидоят даъват кунад, барояш аҷри касоне, ки аз ӯ пайравӣ мекунанд, хоҳад буд, бе он ки аз аҷру савоби онҳо чизе кам шавад. Ва касе, ки ба сӯи гумроҳӣ даъват кунад, барояш монанди гуноҳи касоне, ки аз ӯ пайравӣ мекунанд, хоҳад буд, бе он ки аз гуноҳони онон чизе кам шавад."»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намудааст, ки ҳар ки мардумро бо гуфтор ё кирдор ба роҳе роҳнамои кунад ё ташвиқ намояд, ки ҳақ ва некӣ дар он аст, монанди аҷру савоби касоне, ки аз ӯ пайравӣ кардаанд, мегирад, бидуни ин ки аз аҷру савоби онон чизе кам шавад. Ва касе, ки мардумро бо гуфтор ё кирдор ба роҳи ботил ва шарре, ки шомили гуноҳ ва кори ҳаром аст, роҳнамоӣ кунад, монанди гуноҳи касоне, ки аз ӯ пайравӣ мекунад, хоҳад гирифт, бидуни ин ки аз гуноҳони онон чизе кам шавад.

Source
رواه مسلم
Download image

Saved at original quality