Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Ақида

Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

Available in 54 languages
«Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аз мо нест касе, ки ба рухсораҳояш бизанад ва гиребон бидарад ва монанди замони ҷоҳилият оҳу вой кунад (ва суханони ҷоҳилиро ба забон биёварад)."»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нисбат ба баъзе амалҳои аҳли ҷоҳилият манъ ва ҳушдор дод ва фармуд: Инҳо аз мо нестанд (касоне, ки): Аввал: Касе, ки рухсораҳояшро бизанад, махсусан рӯйро зикр кард, зеро бештар бар рӯй мезананд, аммо зарбу лат дар дигар қисмҳои рӯй ҳам манъ аст. Дуюм: Чок кардани гиребони либос, барои ин ки аз шиддати мусибат сари худро дар он дохил намояд. Сеюм: Касе, ки дуъоҳои аҳли ҷоҳилиятро ба забон орад, мисли дуъои вовайло, ҳалокат, табоҳӣ ва навҳасароӣ.

Source
متفق عليه
Download image

Saved at original quality