Hadith for the World
Номҳо ва аҳком

Ислом

3 hadiths

3 hadiths

Аз Нуъмон ибни Башир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Мисоли муъминон дар муҳаббат, шафқат ва раҳмдилӣ монанди бадан аст, ки агар яке аз узвҳои он шикоят кунад, тамоми бадан бо бехобӣ ва таб бо он ҳамроҳӣ мекунад."متفق عليه
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ислом бар панҷ асос бино ёфтааст: Гувоҳӣ додан ба ин ки маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ Таъоло нест ва ин ки Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) расул ва фиристодаи Худост, барпо доштани намоз, додани закот, ҳаҷҷи Хона ва рӯзаи Рамазон".متفق عليه
Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Гуфтам: Эй Расули Аллоҳ! Ибни Ҷудъон дар замони ҷоҳилият силаи раҳм (робитаи хешутаборӣ) бар ҷой меовард ва бар мискинон таъом медод, оё ин амалаш ба ӯ суд дорад? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ба ӯ ҳеҷ нафъе надорад, зеро ӯ ҳеҷ гоҳ нагуфтааст: Парвардигоро рӯзи қиёмат гуноҳони маро биёмӯрз"رواه مسلم