Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фиқҳ ва усули фиқҳ

Аз ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:

Available in 62 languages
«Аз ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ба ман амр шудааст, ки бар ҳафт устухон саҷда кунам: бар пешонӣ ва бо дасташ ба бинӣ, дастҳо, зонуҳо ва нӯги пойҳояшон ишора карданд ва ин ки либос ва мӯйҳоро (дар дохили намоз) ҷамъ накунем."»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, Аллоҳ ӯро амр кардааст, ки бар ҳафт узви аз аъзои ҷисм саҷда кунад. Ва он: Якум: Пешонӣ, он қисми болои бинӣ ва чашмон аст. Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо дасташ ба сӯи бинӣ ишора карданд, ки пешонӣ ва бинӣ як узви ҳафтгонаи саҷда ҳастанд, бо таъкид бар ин ки бинии саҷдакунанда ба замин бирасад. Узви дуввум ва севум, ин ду даст ҳастанд. Чаҳорум ва панҷум ду зону мебошанд. Шашум ва ҳафтум: Ангуштони ҳарду пой. Ва амр карданд, ки мӯйҳоямонро дар намоз набандем, ё дар ҳангоми саҷда либосамонро барои муҳофизат аз он ҷамъ накунем, балки онро раҳо созем то бар замин биафтад ва ҳамроҳ бо узвҳо ба саҷда биравад.

Source
متفق عليه
Download image

Saved at original quality