Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фиқҳ ва усули фиқҳ

Аз Абу Умома (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

Available in 59 languages
«Аз Абу Умома (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар кас дар охири ҳар намози фарз "Оятул-курсӣ"-ро бихонад, ба ҷуз маргаш чизе аз дохил шуданаш ба биҳишт монеъ намешавад."»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд, ки ҳар ки баъд аз анҷоми намози фарз Оятулкурсиро бихонад, ба ҷуз марг чизе аз вуруди ӯ ба биҳишт монеъ намешавад. Оятулкурсӣ дар сураи Бақара аст, Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Аллоҳ Таъоло [маъбуди ростин аст] ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест; зиндаи поянда [ва қоим ба зот] аст; на хоби сабук [ғанаб, пинак] Ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин; он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. Кист, ки дар назди Ӯ ҷуз ба фармонаш шафоат кунад?! Гузашта ва ояндаи эшон [бандагон]-ро медонад ва [онон] ба чизе аз илми Ӯ иҳота [ва огоҳӣ] намеёбанд, магар он чи худ бихоҳад. Курсии Ӯ осмонҳо ва заминро дар бар гирифтааст ва нигаҳ доштани онҳо бар Ӯ [сангину] душвор нест ва Ӯ баландмартаба [ва] бузург аст). (Сураи Бақара, ояти 255)

Source
رواه النسائي في الكبرى
Download image

Saved at original quality