Hadith for the World
Намоз

Зикрҳои намоз

15 hadiths

15 hadiths

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дуо мекарданд ва мефармуданд: "Илоҳо, ба ту аз азоби қабр ва азоби дӯзах ва аз фитнаи зиндагӣ ва марг ва аз фитнаи Даҷҷол паноҳ мебарам." Ва дар лафзи Муслим чунин омадааст: "Вақте яке аз шумо ташаҳҳудро ба охир расонд, аз чаҳор чиз ба Аллоҳ паноҳ бибарад: Аз азоби ҷаҳаннам ва азоби қабр ва аз фитнаи зиндагӣ ва марг ва аз шарри Масиҳи Маҷҷол."متفق عليه
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ дар намоз такбир (такбири таҳрима) мегуфтанд, пеш аз он ки қироатро шуруъ кунанд андаке таваққуф мекарданд. Пас гуфтам: Эй Расули Аллоҳ! Падару модарам фидои Шумо бод, дар сукути байни такбири таҳрима ва қироат чӣ мегӯӣ? Фармуданд: "Чунин мегӯям: Аллоҳумма боъид байнӣ ва байна хатоёя камо боъадта байнал-машриқи вал-мағриб. Аллоҳумма наққинӣ мин хатоёя, камо юнаққо ас-савбул-абязу минад-данас. Аллоҳумма иғсилнӣ мин хатоёя бис-салҷи вал-мои вал-баради."متفق عليه
Аз Муъоз ибни Ҷабал (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дасти Муъозро гирифта, ба ӯ гуфт: "Эй Муъоз! Қасам ба Худо, ман туро дӯст медорам!" Сипас гуфт: "Эй Муъоз! Туро тавсия мекунам, ки пас аз ҳар намоз хондани ин дуъоро ҳаргиз тарк накунӣ. Дуо ин аст: Аллоҳумма аъиннӣ ъало зикрика ва шукрика ва ҳусни ъибодатика. Тарҷума: Ё Аллоҳ! Маро дар зикр карданат, шукр карданат ва нек ибодат карданат, ёрӣ бидеҳ!"رواه أبو داود والنسائي وأحمد
Аз Абдурраҳмон ибни Абулайло ривоят аст, ки гуфт: Бо Каъб ибни Ъуҷра мулоқот кардам, ба ман гуфт: Оё бароят ҳадяе надиҳам? "Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) назди мо баромад. Гуфтем: Эй Расули Аллоҳ, мо ба шумо салом доданро омухтем. Пас, чӣ гуна бар шумо дуруд фиристем? Фармуд: "Бигӯед: Аллоҳумма салли ъало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммад камо саллайта ъало Иброҳима, иннака ҳамидун маҷид. Алоҳумма борик ъало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммад, камо боракта ъало Иброҳима иннака ҳамидун маҷид." (Худоё бар Муҳаммад ва оли Муҳаммад салавот бифрист. Тавре ки бар Иброҳим ва оли Иброҳим салавот фиристодаи. Шумо ситоиш шаванда ва бисёр баланд мартаба ҳастед. Ва Худоё бар Муҳаммад ва оли Муҳаммад баракат бифрист. Ҳамонтавр ки бар Иброҳим ва оли Иброҳим баракат фиристодаи. Шумо ситоиш шаванда ва бисёр баланд мартаба ҳастед.)متفق عليه
عن عائشة رضي الله عنها أنّ رسولَ اللهِ صلى الله عليه وسلم كانَ يقول في ركوعه وسجودِه: «سبُّوحٌ قُدُّوسٌ رَبُّ المَلاَئِكَةِ وَالرُّوحِ».رواه مسلم
Аз Каъб ибни Ъуҷра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Азкоре, ки баъди ҳар намози фарз аст, гӯяндааш - ё анҷом диҳандааш- баъд аз ҳар намоз, пушаймон намегардад: сию се бор тасбеҳ гуфтан, сию се бор ҳамд гуфтан ва сию чаҳор бор такбир гуфтан аст."رواه مسلم
عن علي بن أبي طالب رضي الله عنه أنَّ رسولَ الله صلى الله عليه وسلم كان إذا قامَ إلى الصلاة، قال: «وَجَّهتُ وجهي للذي فطر السماوات والأرض حنيفًا، وما أنا من المشركين، إنَّ صلاتي، ونُسُكي، ومَحياي، ومماتي لله رب العالمين، لا شريك له، وبذلك أُمِرتُ وأنا من المسلمين، اللهمَّ أنت المَلِك لا إله إلَّا أنت، أنت ربي، وأنا عبدك، ظلمتُ نفسي، واعترفتُ بذنبي، فاغفر لي ذنوبي جميعًا، إنه لا يغفر الذنوب إلا أنت، واهدني لأحسن الأخلاق لا يهدي لأحسنها إلا أنت، واصرف عني سيئَها لا يصرف عني سيئها إلا أنت، لبَّيْك وسَعْدَيْك، والخيرُ كله في يديك، والشر ليس إليك، أنا بك وإليك، تباركتَ وتعاليتَ، أستغفرك وأتوب إليك»، وإذا ركع، قال: «اللهمَّ لك ركعتُ، وبك آمنتُ، ولك أسلمتُ، خشع لك سمعي، وبصري، ومُخِّي، وعظمي، وعَصَبي»، وإذا رفع، قال: «اللهم ربنا لك الحمد مِلءَ السماوات، ومِلءَ الأرض، ومِلءَ ما بينهما، ومِلءَ ما شئتَ من شيء بعد»، وإذا سجد، قال: «اللهم لك سجدتُ، وبك آمنتُ، ولك أسلمتُ، سجد وجهي للذي خلقه، وصوَّره، وشقَّ سمعَه وبصرَه، تبارك الله أحسنُ الخالقين»، ثم يكون من آخر ما يقول بين التشهُّد والتسليم: «اللهم اغفر لي ما قدَّمتُ وما أخَّرتُ، وما أسررتُ وما أعلنتُ، وما أسرفتُ، وما أنت أعلم به مني، أنت المُقَدِّم وأنت المؤَخِّر، لا إله إلا أنت».رواه مسلم
عن الحكم قال: غَلَب على الكُوفة رجُل -قد سَمَّاه- زَمَنَ ابن الأشْعَث، فأمر أبَا عُبيدة بن عبد الله أن يصلِّي بالناس، فكان يصلِّي، فإذا رَفع رأسه من الرُّكوع قام قَدْر ما أقُول: اللَّهُم ربَّنا لك الحَمد، مِلْءَ السَّماوات ومِلْءَ الأرض، ومِلْءَ ما شِئت من شَيء بعد، أهْل الثَّناء والمَجد، لا مانع لما أعْطَيت، ولا مُعْطِي لما مَنعت، ولا يَنفع ذَا الجَدِّ مِنْك الجَدِّ. قال الحَكم: فَذَكَرت ذلك لعَبد الرَّحمن بن أبي ليلى فقال: سمعت البَرَاء بن عَازب يقول: «كانت صلاة رسول الله صلى الله عليه وسلم وركُوعه، وإذا رفع رأسه من الرُّكوع، وسُجوده، وما بَيْن السَّجدتين، قريبًا من السَّوَاء» قال شُعبة: فذَكَرْتُه لِعَمرو بن مُرَّة فقال: قد رأيت ابن أبي ليلى، فلم تَكن صلاته هكذا.رواه مسلم
Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) миёни ду саҷда мегуфт: "Худоё бар ман мағфират кун ва бар ман раҳм кун ва бар ман офият бибахш ва манро ҳидоят кун ва бар ман ризқу рӯзи ато фармо".رواه أبو داود والترمذي وابن ماجه وأحمد
Аз Савбон (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (Худованд аз ӯ розӣ бод) чун аз намоз фориғ мешуд се бор истиғфор намуда сипас мегуфт: "Аллоҳумма Анта Салом ва минка салом, таборакта зул-ҷалоли вал-икром" Валид мегӯяд: аз Авзоъӣ пурсидам: истиғфор чигуна аст? Гуфт: бигу: Астағфируллоҳ, астағфируллоҳ.رواه مسلم
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар кас баъд аз ҳар намоз сию се бор тасбеҳ гӯяд ва сию се бор ҳамд гӯяд ва сию се бор такбир гӯяд, яъне наваду нуҳ бор. Ва дар такмили сад: "Ло илоҳа илло Аллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду ва ҳува ало куллӣ шайъин қадир" бигӯяд. Хатоҳои ӯ бахшида хоҳанд шуд, агарчи монанди кафки баҳр бошанд."رواه مسلم
Аз Абу Умома (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар кас дар охири ҳар намози фарз "Оятул-курсӣ"-ро бихонад, ба ҷуз маргаш чизе аз дохил шуданаш ба биҳишт монеъ намешавад."رواه النسائي في الكبرى
Аз ибни Абуавфо (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Ҳаргоҳ Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз рукуъ бар мехост, чунин мегуфт: "Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ, Аллоҳумма раббано лакал-ҳамд милъас-самовоти ва милъал - арзи ва милъа мо шиъта мин шайъин баъд" (Аллоҳ шунид онеро, ки ҳамдаш гуфт. Бор илоҳо ва Парвардигоро! Ҳамд аз они Туст, ба пурии осмонҳо ва ба пурии замин ва ба пурии ҳар он чи Ту пас аз он бихоҳӣ).رواه مسلم
عن ابن عمر قال: بينما نحن نصلي مع رسول الله صلى الله عليه وسلم إذ قال رجل من القوم: الله أكبر كبيرًا، والحمد لله كثيرًا، وسبحان الله بكرةً وأصيلًا، فقال رسول الله صلى الله عليه وسلم: «من القائلُ كلمة كذا وكذا؟» قال رجل من القوم: أنا، يا رسول الله. قال: «عجبتُ لها، فتحت لها أبواب السماء» قال ابن عمر: «فما تركتهن منذ سمعتُ رسول الله صلى الله عليه وسلم يقول ذلك».رواه مسلم
عن أبي بكر الصديق رضي الله عنه: أنه قال لرسول الله صلى الله عليه وسلم: علمني دعاء أدعو به في صلاتي، قال: "قل: اللهم إني ظلمت نفسي ظلما كثيرا، ولا يغفر الذنوب إلا أنت، فاغفر لي مغفرة من عندك، وارحمني إنك أنت الغفور الرحيم".متفق عليه