Hadith for the World
Фиқҳи ибодот

Намоз

126 hadiths

126 hadiths

Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ҳаргоҳ садои азонро шунидед, монанди он чи муаззин мегӯяд, бигӯед."متفق عليه
Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Сафҳоятонро рост кунед, зеро рост кардани саф аз камоли намоз аст."متفق عليه
عن عبد الله بن زيد بن عاصم المازني رضي الله عنه قال: (شُكِيَ إلى النبيِّ صلى الله عليه وسلم الرَّجلُ يُخَيَّلُ إِليه أنَّه يَجِد الشَّيء في الصَّلاة، فقال: لا ينصرف حتَّى يَسمعَ صَوتًا، أو يَجِد رِيحًا).متفق عليه
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: "Оё яке аз шумо наметарсад - ё, оё касе аз шумо наметарсад - , ки агар сари худро пеш аз имом бардорад, Аллоҳ сари ӯро ба сари хар табдил кунад ё рӯяшро ба рӯйи хар табдил кунад."متفق عليه
Аз Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт: Ман Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфт: "Дар ҳолати ҳозир будани таъом ва барои касе, ки аз баромадани пешоб ва наҷосат пешгирӣ мекунад, намоз нест".رواه مسلم
Аз ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоле ки кафи дастам байни ду кафи дастонаш буд, ончунон ба ман Ташаҳҳудро омӯзонд, мисле, ки сурае аз Қуръонро таълим медод: "Аттаҳиёту лиллоҳи вассалавоту ваттаййибот. Ассалому ъалайка айюҳаннабийю ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ. Ассалому ъалайно ва ъало ъибодиллоҳис солиҳин. Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳ." Ва дар лафзи дигар аз он ду: " Ҳамоно Аллоҳ худ Салом аст (бинобар ин, салом бар Аллоҳ, нагӯед). Ҳаргоҳ касе барои хондани "Таҳийёт" дар намозаш нишаст, бояд чунин бигӯяд: Аттаҳиёту лиллоҳи вассалавоту ваттаййибот. Ассалому ъалайка айюҳаннабийю ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ. Ассалому ъалайно ва ъало ъибодиллоҳис солиҳин. Пас, ҳаргоҳ инро гуфт, дар воқеъ (саломаш) ба ҳар бандаи солиҳе, ки дар осмон ва замин аст ва гувоҳӣ додааст, ки маъбуде ба ҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст, расидааст. Сипас ҳар дархосте, ки хост метавонад аз Худо бихоҳад." (Ва дар дуои баъд аз ташаҳҳуд бигӯяд).متفق عليه
عن أبي موسى الأشعري رضي الله عنه قال: خَسَفَت الشمس على زمان رسول الله صلى الله عليه وسلم . فقام فَزِعًا، ويخشى أن تكون الساعة، حتى أتى المسجد، فقام، فصلى بأطول قيام وسجود، ما رأيته يفعله في صلاته قطُّ، ثم قال: إن هذه الآيات التي يُرْسِلُهَا الله عز وجل : لا تكون لموت أحد ولا لحياته، ولكن الله يُرْسِلُهَا يُخَوِّفُ بها عباده، فإذا رأيتم منها شيئا فَافْزَعُوا إلى ذكر الله و دُعَائِهِ وَاسْتِغْفَارِهِ.متفق عليه
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дуо мекарданд ва мефармуданд: "Илоҳо, ба ту аз азоби қабр ва азоби дӯзах ва аз фитнаи зиндагӣ ва марг ва аз фитнаи Даҷҷол паноҳ мебарам." Ва дар лафзи Муслим чунин омадааст: "Вақте яке аз шумо ташаҳҳудро ба охир расонд, аз чаҳор чиз ба Аллоҳ паноҳ бибарад: Аз азоби ҷаҳаннам ва азоби қабр ва аз фитнаи зиндагӣ ва марг ва аз шарри Масиҳи Маҷҷол."متفق عليه
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ дар намоз такбир (такбири таҳрима) мегуфтанд, пеш аз он ки қироатро шуруъ кунанд андаке таваққуф мекарданд. Пас гуфтам: Эй Расули Аллоҳ! Падару модарам фидои Шумо бод, дар сукути байни такбири таҳрима ва қироат чӣ мегӯӣ? Фармуданд: "Чунин мегӯям: Аллоҳумма боъид байнӣ ва байна хатоёя камо боъадта байнал-машриқи вал-мағриб. Аллоҳумма наққинӣ мин хатоёя, камо юнаққо ас-савбул-абязу минад-данас. Аллоҳумма иғсилнӣ мин хатоёя бис-салҷи вал-мои вал-баради."متفق عليه
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дар ҳоли хутба хондани имом дар рӯзи ҷумъа, агар ба ҳамнишинат гуфтӣ: "Хомӯш бошу гӯш кун", муртакиби лағв шудаӣ".متفق عليه
عن جَابِرِ بْنِ عَبْدِ اللَّهِ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا، قَالَ: كَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يُعَلِّمُنَا الِاسْتِخَارَةَ فِي الْأُمُورِ كَمَا يُعَلِّمُنَا السُّورَةَ مِنَ الْقُرْآنِ، يَقُولُ: «إِذَا هَمَّ أَحَدُكُمْ بِالْأَمْرِ فَلْيَرْكَعْ رَكْعَتَيْنِ مِنْ غَيْرِ الْفَرِيضَةِ، ثُمَّ لِيَقُلِ: اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْتَخِيرُكَ بِعِلْمِكَ وَأَسْتَقْدِرُكَ بِقُدْرَتِكَ، وَأَسْأَلُكَ مِنْ فَضْلِكَ الْعَظِيمِ، فَإِنَّكَ تَقْدِرُ وَلَا أَقْدِرُ، وَتَعْلَمُ وَلَا أَعْلَمُ، وَأَنْتَ عَلَّامُ الْغُيُوبِ، اللَّهُمَّ إِنْ كُنْتَ تَعْلَمُ أَنَّ هَذَا الْأَمْرَ خَيْرٌ لِي فِي دِينِي، وَمَعَاشِي، وَعَاقِبَةِ أَمْرِي» أَوْ قَالَ: «عَاجِلِ أَمْرِي وَآجِلِهِ، فَاقْدُرْهُ لِي وَيَسِّرْهُ لِي ثُمَّ بَارِكْ لِي فِيهِ، وَإِنْ كُنْتَ تَعْلَمُ أَنَّ هَذَا الْأَمْرَ شَرٌّ لِي فِي دِينِي وَمَعَاشِي وَعَاقِبَةِ أَمْرِي» أَوْ قَالَ: «فِي عَاجِلِ أَمْرِي وَآجِلِهِ، فَاصْرِفْهُ عَنِّي وَاصْرِفْنِي عَنْهُ، وَاقْدُرْ لِي الْخَيْرَ حَيْثُ كَانَ، ثُمَّ أَرْضِنِي» قَالَ: «وَيُسَمِّي حَاجَتَه».رواه البخاري
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: " Худоё! қабри маро чун бутхона магардон, Аллоҳ лаънат кунад қавмеро, ки қабрҳои паёмбаронашонро масҷид гирифтаанд".رواه أحمد
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дар ҳақиқат вазнинтарин намоз бар мунофиқон намози хуфтан ва бомдод аст. Ва агар медонистанд дар он ду намоз (чи подоше) аст, барои адои он ҳатто хазида ба масҷид меомаданд. Ва ба таъкид хостам, ки амр намоям то намоз барпо шавад, сипас ба яке аз мардон амр кунам барои мардум намоз бихонад, сипас ҳамроҳ бо мардоне, ки бастаҳое аз ҳезум ба ҳамроҳ доранд ба сӯйи ақвоме биравам, ки барои намози ҷамоат ҳозир намешаванд, то хонаҳояшонро бо оташ бисӯзонам."متفق عليه
عن أبي هريرة رضي الله عنه مرفوعًا: «صلاة الرجل في جماعة تَضعُفُ على صلاته في بيته وفِي سُوقِه خمسا وعشرين ضِعفًا، وذلك: أَنَّه إِذَا تَوَضَّأ، فَأَحسَن الوُضُوء، ثمَّ خرج إلى المسجد لاَ يُخرِجُهُ إلاَّ الصلاة؛ لَم يَخْطُ خُطوَةً إِلاَّ رُفِعَت له بِها درجة، وَحُطَّ عَنهُ بها خطيئة، فإذا صلَّى لم تزل الملائكة تُصَلِّي عليه، ما دام في مُصَلاَّه: اللهُمَّ صَلِّ عليه، اللهم اغفِر له، اللهم ارْحَمه، ولا يزال في صلاة ما انتظر الصلاة».متفق عليه
عن عائشةَ أمِّ المؤْمنِين رضي الله عنها قالت: لَمْ يَكُنِ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ عَلَى شَيْءٍ مِنَ النَّوَافِلِ أَشَدَّ مِنْهُ تَعَاهُدًا عَلَى رَكْعَتَيِ الفَجْرِ.متفق عليه
Аз Муъоз ибни Ҷабал (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дасти Муъозро гирифта, ба ӯ гуфт: "Эй Муъоз! Қасам ба Худо, ман туро дӯст медорам!" Сипас гуфт: "Эй Муъоз! Туро тавсия мекунам, ки пас аз ҳар намоз хондани ин дуъоро ҳаргиз тарк накунӣ. Дуо ин аст: Аллоҳумма аъиннӣ ъало зикрика ва шукрика ва ҳусни ъибодатика. Тарҷума: Ё Аллоҳ! Маро дар зикр карданат, шукр карданат ва нек ибодат карданат, ёрӣ бидеҳ!"رواه أبو داود والنسائي وأحمد
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Намозҳои панҷгона, аз ҷумъа то ҷумъаи дигар ва аз рамазон то рамазони дигар ва дар ҳоли дурӣ аз кабоир, кафорати гуноҳони байни онҳо мегардад".رواه مسلم
Аз Маъдон ибни Абуталҳаи Яъмарӣ ривоят аст, ки гуфт: Савбон бардаи озодкардаи Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дидам, гуфтам: Манро аз коре огоҳ кун, ки Аллоҳ манро ба сабаби он аз аҳли биҳишт гардонад? Ё гуфт: Гуфтам: Манро аз маҳбубтарин аъмол назди Аллоҳ огоҳ кун. Пас ӯ сукут кард. Сипас бори сеюм аз ӯ пурсидам. Гуфт: Аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ин бора пурсидам, фармуд: "Барои Аллоҳ бисёр саҷда кун, зеро барои Аллоҳ саҷда намебарӣ магар ин ки Аллоҳ ба василаи он саҷда дараҷае бар дараҷоти ту меафзояд ва гуноҳе аз гуноҳонатро пок мекунад". Маъдон мегӯяд: Сипас Абудардоро дидам ва аз ӯ пурсидам, ӯ ҳам монанди Савбон бароям ҷавоб дод.رواه مسلم
عن أبي هريرة رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم : «إذا قَام أحَدُكُم من الليل، فَاسْتَعْجَمَ القرآن على لِسَانه، فلم يَدْرِ ما يقول، فَلْيَضْطَجِع».رواه مسلم
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар кӣ шаби Қадрро аз рӯйи имон ва дарёфти савоб шабзиндадорӣ намояд, гуноҳони гузаштаи ӯ омурзида мешавад"متفق عليه
وعن سالم بن عبد الله بن عمر بن الخطاب رضي الله عنهم عن أبيه: أن رسول الله صلى الله عليه وسلم قال: « نِعْمَ الرَّجُلُ عبد الله، لو كان يُصلِّي من الليل» قال سالم: فكان عبد الله بعد ذلك لا يَنامُ من الليل إلا قليلًا.متفق عليه
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "(Аҷру подоши) намози як марди мусалмон бо ҷамоат, бисту чанд дараҷа бештар аз намозест, ки дар хона ва дар бозор мехонад, мешавад. Зеро вақте ки яке аз онҳо таҳорат кунад ва таҳораташро хуб анҷом диҳад ва сипас ба масҷид биёяд ва чизе ҷуз намоз ӯро наоварда бошад ва танҳо барои намоз омада бошад, пас қадаме намебардорад, магар ин ки дараҷае бар дараҷаҳояш афзуда мешавад ва як гуноҳ аз ӯ пок мешавад, то ин ки вориди масҷид шавад. Ва чун вориди масҷид шуд, то вақте ки намоз ӯро нигоҳ дошта бошад, дар ҳоли намоз хоҳад буд. Ва фариштагон то вақте, ки яке аз шумо дар ҷои намоз хондааш нишаста аст, бар ӯ дуруд мефиристанд. Ва мегӯянд: Илоҳо ӯро раҳм кун, Илоҳо ӯро биёмурз, Илоҳо тавбаи ӯро бипазир. То замоне ки озор нарасонад ё таҳораташ ботил нашавад."متفق عليه
عن أبي ذر رضي الله عنه قال: قال النبي صلى الله عليه وسلم :«عُرِضَتْ عَلَيَّ أعمالُ أُمتي، حَسَنُهَا وسَيِّئُهَا فَوَجَدتُ في مَحَاسِنِ أَعْمَالِهَا الأَذَى يُمَاطُ عَنِ الطَّرِيقِ، ووَجَدتُ في مَسَاوِئِ أَعْمَالِهَا النُّخَاعَةُ تَكُونُ في المَسْجِدِ لا تُدْفَنُ».رواه مسلم
عن عائشة رضي الله عنها قالت: كان رسولُ اللهِ صلى الله عليه وسلم إذا فَاتَتْهُ الصَّلَاةُ مِنَ الليلِ مِن وَجَعٍ أَوْ غَيْرِهِ، صَلَّى من النَّهَارِ ثِنْتَيْ عَشْرَةَ رَكْعَةً.رواه مسلم