Фиқҳ ва усули фиқҳ
Аз Маъдон ибни Абуталҳаи Яъмарӣ ривоят аст, ки гуфт:
Available in 59 languages
«Аз Маъдон ибни Абуталҳаи Яъмарӣ ривоят аст, ки гуфт: Савбон бардаи озодкардаи Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дидам, гуфтам: Манро аз коре огоҳ кун, ки Аллоҳ манро ба сабаби он аз аҳли биҳишт гардонад? Ё гуфт: Гуфтам: Манро аз маҳбубтарин аъмол назди Аллоҳ огоҳ кун. Пас ӯ сукут кард. Сипас бори сеюм аз ӯ пурсидам. Гуфт: Аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ин бора пурсидам, фармуд: "Барои Аллоҳ бисёр саҷда кун, зеро барои Аллоҳ саҷда намебарӣ магар ин ки Аллоҳ ба василаи он саҷда дараҷае бар дараҷоти ту меафзояд ва гуноҳе аз гуноҳонатро пок мекунад". Маъдон мегӯяд: Сипас Абудардоро дидам ва аз ӯ пурсидам, ӯ ҳам монанди Савбон бароям ҷавоб дод.»Meaning translation ·
Saved at original quality







