Hadith for the World
Намоз

Фазилати намоз

10 hadiths

10 hadiths

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дар ҳақиқат вазнинтарин намоз бар мунофиқон намози хуфтан ва бомдод аст. Ва агар медонистанд дар он ду намоз (чи подоше) аст, барои адои он ҳатто хазида ба масҷид меомаданд. Ва ба таъкид хостам, ки амр намоям то намоз барпо шавад, сипас ба яке аз мардон амр кунам барои мардум намоз бихонад, сипас ҳамроҳ бо мардоне, ки бастаҳое аз ҳезум ба ҳамроҳ доранд ба сӯйи ақвоме биравам, ки барои намози ҷамоат ҳозир намешаванд, то хонаҳояшонро бо оташ бисӯзонам."متفق عليه
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Намозҳои панҷгона, аз ҷумъа то ҷумъаи дигар ва аз рамазон то рамазони дигар ва дар ҳоли дурӣ аз кабоир, кафорати гуноҳони байни онҳо мегардад".رواه مسلم
Аз Маъдон ибни Абуталҳаи Яъмарӣ ривоят аст, ки гуфт: Савбон бардаи озодкардаи Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дидам, гуфтам: Манро аз коре огоҳ кун, ки Аллоҳ манро ба сабаби он аз аҳли биҳишт гардонад? Ё гуфт: Гуфтам: Манро аз маҳбубтарин аъмол назди Аллоҳ огоҳ кун. Пас ӯ сукут кард. Сипас бори сеюм аз ӯ пурсидам. Гуфт: Аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ин бора пурсидам, фармуд: "Барои Аллоҳ бисёр саҷда кун, зеро барои Аллоҳ саҷда намебарӣ магар ин ки Аллоҳ ба василаи он саҷда дараҷае бар дараҷоти ту меафзояд ва гуноҳе аз гуноҳонатро пок мекунад". Маъдон мегӯяд: Сипас Абудардоро дидам ва аз ӯ пурсидам, ӯ ҳам монанди Савбон бароям ҷавоб дод.رواه مسلم
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Шунидам, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Оё дидаед, ки агар дар назди дари яке аз шумо дарёе бошад, ки дар он ҳар рӯз панҷ бор ғусл кунад. Чӣ мегӯед, оё аз нопокиаш чизе боқӣ мемонад?". Гуфтанд: Аз нопокии ӯ чизе намемонад. Фармуд:" Он ҳам монанди намози панҷвақта аст, ки Аллоҳ гуноҳонро ба воситаи он пок мекунад."متفق عليه
Аз Ҷундуб ибни Абдуллоҳи Қасрӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар касе намози бомдодро хонад, дар амон ва ҳимояти Аллоҳ аст, Пас (ҳушёр бошед, ки) Аллоҳ барои дар ҳимоят ва амон гирифтанаш аз шумо чизе нахоҳад, зеро ҳар кӣ аз Ӯ дар бораи амон ва ҳимояташ бипурсад, ӯро гирифтор созад, сипас ӯро бар рӯяш ба оташи дӯзах андозад".رواه مسلم
Аз Абузуҳайр, Умора ибни Руъайба (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ҳар касе, ки пеш аз тулуи офтоб ва пеш аз ғуруби он намоз бихонад, ба оташ ворид намешавад."رواه مسلم
Аз Усмон (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Шунидам, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ҳеҷ мусалмоне нест, ки вақти намози фарзиаш фаро расад ва ба хубӣ таҳорат кунад ва бо хушуъ ва фурутанӣ намозашро анҷом диҳад, магар ин ки каффораи гуноҳони пеш аз он омадааш хоҳад шуд, агар муртакиби гуноҳи кабира нашуда бошад. Ва ин барои ҳамеша аст."رواه مسلم
Аз Абумолики Ашъарӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Покӣ нисфи имон аст, ва "Алҳамду лиллоҳ" тарозуро пур мекунад, ва "Субҳонал-лоҳи" ва "Алҳамду лиллоҳи" миёни осмон ва заминро пур мекунанд. Намоз нур аст, садақа бурҳон аст, сабр равшанӣ аст ва Қуръон далел (ҳуҷҷат)-е аст барои ту ё бар алайҳи ту. Ҳамаи мардум субҳ (аз хона) берун мешаванд, дар ҳоле ки нафси худро фурӯхтаанд, пас он (яъне нафси худ)-ро ё озод кардаанд ва ё ҳалок сохтаанд".رواه مسلم
عن ربيعة بن كعب الأسلمي قال: كنتُ أبيتُ مع رسول الله صلى الله عليه وسلم فأتيتُه بوَضوئه وحاجته فقال لي: «سل» فقلت: أسألك مرافقتك في الجنة. قال: «أو غير ذلك؟» قلت: هو ذاك. قال: «فأعني على نفسك بكثرة السجود».رواه مسلم
عن عائشة عن النبي صلى الله عليه وسلم قال: «ما من ميت تصلي عليه أُمَّةٌ من المسلمين يبلغون مائة، كلهم يشفعون له، إلا شفعوا فيه».رواه مسلم