Hadith for the World
Намоз

Воҷиб будани намоз ва ҳукми тарк кунандааш

5 hadiths

5 hadiths

Аз Амр ибни Шуъайб аз падараш ва ӯ аз падарбузургаш ривоят мекунад, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Фарзандонатонро дар ҳафтсолагӣ ба намоз хондан амр кунед ва дар даҳсолагӣ онҳоро барои намоз бизанед ва ҷои хоби ононро ҷудо кунед."رواه أبو داود
Аз Бурайда ибни Ҳасиб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки фармуд: Барои адои намози аср барвақт биёед, зеро Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар кӣ намози асрро тарк кунад, амалаш табоҳ шудааст".رواه البخاري
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ислом бар панҷ асос бино ёфтааст: Гувоҳӣ додан ба ин ки маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ Таъоло нест ва ин ки Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) расул ва фиристодаи Худост, барпо доштани намоз, додани закот, ҳаҷҷи Хона ва рӯзаи Рамазон".متفق عليه
Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Касе, ки намозеро фаромӯш кунад, пас, чун ба ёдаш ояд, адояш кунад ва (ин кораш) каффорае ҷуз ин надорад: (Ва барои ёди ман намоз бар по дор) (Тоҳо, ояти 14).متفق عليه
Аз Ҷобир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфт: "Миёни шахс ва ширку куфр, тарки намоз аст."رواه مسلم