Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фиқҳ ва усули фиқҳ

Аз Амр ибни Шуъайб аз падараш ва ӯ аз падарбузургаш ривоят мекунад, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:

Available in 60 languages
«Аз Амр ибни Шуъайб аз падараш ва ӯ аз падарбузургаш ривоят мекунад, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Фарзандонатонро дар ҳафтсолагӣ ба намоз хондан амр кунед ва дар даҳсолагӣ онҳоро барои намоз бизанед ва ҷои хоби ононро ҷудо кунед."»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки падар бояд фарзандонашро - писар ё духтар - дар ҳафтсолагӣ ба намоз амр кунад ва ҳар он чи барои барпо доштани намоз лозим аст, барояшон таълим диҳад. Чун ба синни даҳсолагӣ расиданд, аҳамият бар ин кор афзуда мешавад. Ва дар ҳолати кӯтоҳӣ дар намоз бояд ононро бизанад ва дар ин син ҷои хоби онҳоро аз ҳам ҷудо кунад.

Source
رواه أبو داود
Download image

Saved at original quality