Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фиқҳ ва усули фиқҳ

Аз Усмон (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Шунидам, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

Available in 60 languages
«Аз Усмон (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Шунидам, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ҳеҷ мусалмоне нест, ки вақти намози фарзиаш фаро расад ва ба хубӣ таҳорат кунад ва бо хушуъ ва фурутанӣ намозашро анҷом диҳад, магар ин ки каффораи гуноҳони пеш аз он омадааш хоҳад шуд, агар муртакиби гуноҳи кабира нашуда бошад. Ва ин барои ҳамеша аст."»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки мусалмоне нест, ки вақти намози фарзаш фаро расад ва таҳораташро ба хубӣ ва комил анҷом диҳад ва дар намозаш хошеъ бошад, тавре ки дил ва ҳама узвҳои ӯ рӯ ба рӯи Аллоҳ бошанд ва бузургии Аллоҳро ба ёд оварда ва корҳои намозро, монанди рукуъ ва саҷдаҳо ба шакли комил анҷом диҳад, магар ин ки ин намоз гуноҳони сағираи пеш аз худро пок мекунад, то вақте ки муртакиби гуноҳи кабира нашуда бошад. Ва ин фазилат дар тӯли замон ва дар ҳама намозҳо аст.

Source
رواه مسلم
Download image

Saved at original quality