126 hadiths
Аз Абдуллоҳ ибни Салом (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Ҳангоме ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба шаҳри Мадина омад, мардум зуд ба пешвози ӯ шитофтанд ва мегуфтанд: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад! Расули Худо омад! Се маротиба. Ман низ миёни мардум баромадам, то ӯро бубинам. Вақте ки ба рӯяш нигоҳ кардам, фаҳмидам, ки рӯи ӯ рӯи дурӯғгӯ нест. Аввалин чизе, ки аз забони мубораки ӯ шунидам, ин буд: "Эй мардум! Салом гуфтанро паҳн кунед, таом бидиҳед, робитаи хешовандиро нигоҳ доред, шабҳо ҳангоми хоб будани мардум намоз хонед, бо осоиш ва саломатӣ (бидуни ҳеҷ ранҷе) ба биҳишт дохил мешавед."رواه الترمذي وابن ماجه وأحمد