Hadith for the World
Tap the image to view it full size
Фиқҳ ва усули фиқҳ

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

Available in 64 languages
«Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дар ҳоли хутба хондани имом дар рӯзи ҷумъа, агар ба ҳамнишинат гуфтӣ: "Хомӯш бошу гӯш кун", муртакиби лағв шудаӣ".»

Meaning translation ·

Explanation

The meaning in a few plain lines

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки яке аз одоби воҷиб барои касе, ки дар хутбаи ҷумъа ҳозир шудааст, гӯш додан ба хатиб аст, то битавонад панду андарзҳои ӯро ба хубӣ дарёбад. Ва агар касе дар ҳоли хутба хондани имом камтарин чизеро ба забон биёварад ва масалан ба ҳамнишинаш бигӯяд: "хомӯш бош", ва "гӯш фаро деҳ", фазилати намози ҷумъаро аз даст додааст.

Source
متفق عليه
Download image

Saved at original quality