Ақида
Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Available in 55 languages
«Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Марде Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар бораи қиёмат пурсид. Гуфт: "Қиёмат кай мешавад?" Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Барои он чӣ омода кардаӣ?" Мард гуфт: "Ҳеҷ чиз омода накардаам, ҷуз он ки ман Аллоҳ ва Паёмбарашро дӯст медорам." Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ту бо касе хоҳи буд, ки дӯсташ медорӣ."
Анас мегӯяд: Мо аз чизе ба монанди ин сухани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хушҳол нашудем, ки гуфт: "Ту бо касе хоҳи буд, ки дӯсташ медорӣ."
Анас мегӯяд: "Ман Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), Абубакр ва Умарро дӯст медорам ва умедворам, ки ба хотири дӯст доштани онҳо бо онҳо хоҳам буд, ҳарчанд ки ба монанди амалҳои онҳо амал накунам."»Meaning translation ·
Saved at original quality








