Фазоил ва одоб
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Available in 61 languages
«Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Араби бодиянишине ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва гуфт: Манро ба коре роҳнамоӣ кун, ки агар онро анҷом додам вориди биҳишт шавам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:" Аллоҳро ибодат мекунӣ ва чизеро ба Ӯ шарик намесозӣ, намозҳои фарзро анҷом медиҳӣ, закоти фарзшударо мепардозӣ ва моҳи Рамазонро рӯза мегирӣ". Гуфт: Қасам ба он ки ҷонам дар дасти Ӯст, бар ин гуфтаҳо чизе намеафзоям. Ва чун баргашту рафт, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ҳар ки дӯст дорад ба марде аз аҳли биҳишт бингарад, ба ин мард бингарад."»Meaning translation ·
Saved at original quality








